ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ДУШВОР ДАР СИНФИ НУҲУМИ МАКТАБҲОИ МИЁНА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Усмонов О., Абдулакимова Ҷ.А.....pdf)Усмонов О., Абдулакимова Ҷ.А....ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ДУШВОР ДАР СИНФИ НУҲУМИ МАКТАБҲОИ МИЁНА53

 


МУАЛЛИФ: Усмонов Отаҷон, н.и.п., дотсент; Абдулакимова  Ҷанатой  Абдурауфовна, н.и.п., дотсенти кафедраи МТМ  ва  ТИ-и  МДТ  “ДДХ    ба  номи  акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба мавзӯи ҳалли масъалаҳои математикии  сатҳашон мушкил дар синфи нуҳӯми мактабҳои миёна бахшида шудааст. Муаллифон қайд мекунанд, ки ҳалли масъалаҳои математикии сатҳашон душвор барои ташаккул ва рушди  тафаккури мантиқии хонандагон кӯмак мекунад. Дар мақола  таъкид меравад, ки ҳалли масъалаҳои душвор дониши мукаммал ва тафаккури мантиқиро тақозо мекунад. Усули ҳалли масъалаҳо тавассути мисолҳои равшан, баррасии раванди ҳалли онҳо амалӣ шудааст. Зикр шавад, ки дар марҳилаи таҳлили масъала шарт ва талаботи масъала бояд муайян карда шуда, қиматҳои номаълуми матлуб  ишора карда шавад. Дар раванди ҳалли масъала  соҳаи предметӣ ва муносибатҳои байни объектҳои дар шарти масъала додашуда бояд саҳеҳ муайян карда шаванд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

математика, тафаккури мантиқӣ, шартгузорӣ дар масъалаҳои математикӣ, объекти масъала, қиматҳои номаълуми матлуб.