НАҚШИ АФСОНА ДАР ТАШАККУЛИ ҶАҲОНБИНИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Норова З.И.....pdf)Норова З.И....НАҚШИ АФСОНА ДАР ТАШАККУЛИ ҶАҲОНБИНИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ58

 


МУАЛЛИФ: Норова Зарина Исломовна, унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав(Тоҷикистон, Бохтар) 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола доир ба яке аз жанрҳои маъмултарини адабиёти шифоҳии тоҷик – афсона ва нақши он дар ташаккули ҷаҳонбинии хонандагони синфҳои ибтидоӣ сухан меравад. Қайд мешавад, ки  афсонаҳо дар тарбия ва ба камол расонидани шахсияти кӯдакон нақши муҳим доранд. Тазаккур мегардад, ки афсонаҳо ба наврасон имкон медиҳанд, ки масъалаҳoи барои худашон муҳимро аз афсонаҳо пайдо намоянд. Афсона ба монанди дарвозае мебошанд, ки кӯдакон тавассути он ба олам ворид мешаванд ва ба маърифати он мегузаранд. Онҳо барои худ қуввату дармони нав пайдо мекунанд ва имкониятҳои навро дар худ муайян менамоянд ва ҷаҳонбиниро ташаккул дода, худашонро маърифат мекунанд.Натиҷагирӣ шудааст, ки дар замони муосир усули кор бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар заминаи афсонаҳо ва қаҳрамонони он дар тарбияи хислату нишонаҳои таҳаммул ва эҳтироми кулли инсонҳо аз ҷониби олимони равоншинос, педагогика ва логопедия фаъолона таҳия гардидааст ва ҳамчун василаи боэътимод дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, башардӯстӣ, инсонпарварӣ ва таҳаммулпазирии хонандагони синфҳои ибтидоӣ маҳсуб меёбанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

ҷаҳонбинӣ, афсона, хонандаи синни хурд, фолклор, кўдак, қаҳрамонҳо, тарбия.