МУНОСИБАТИ ТАФРИҚАВӢ БО АНОСИРИ ФАРДИСОЗӢ ДАР ОМӮЗИШИ ИМЛОИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР АМАЛИЯИ МАКТАБҲОИ ОЛӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ваҳобова  М.А., Шарипова Н.И.....pdf)Ваҳобова М.А., Шарипова Н.И.... МУНОСИБАТИ ТАФРИҚАВӢ БО АНОСИРИ ФАРДИСОЗӢ ДАР ОМӮЗИШИ ИМЛОИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР АМАЛИЯИ МАКТАБҲОИ ОЛӢ41

 


МУАЛЛИФ: Ваҳобова Матлуба Адиловна, сармуаллими кафедраи забони  муосири  рус  ва  забоншиносии  умумӣ; Шарипова Нилуфар Исматуллоевна,  сармуаллими  кафедраи  методикаи таълими забон ва адабиёти руси МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд) 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Мақола  ба яке аз масъалаҳои муҳими методикаи таълими забони русӣ - муносибати тафриқавӣ  бо унсурҳои фардикунонӣ дар ҷараёни  таълими имлои забони русӣ  бахшида шудааст.  Тазаккур меравад, ки ҳалли масъалаи мутобиқнамоии раванди таълим ба ҳар донишҷӯи хос ба таври тафриқӣ ба роҳ мондани он мебошад. Қайд мешавад, ки  донишҷӯён, ки ба факултети филологияи рус барои таҳсил дохил гардида , савияи гуногуни дониши забони русиро доранд,  аз ин  сабаб масъалаи муносибати тафриқавии омӯзиш барои соҳиб гаштан ба ҳадафҳои омӯзиш пеш меояд. Муаллифон пешниҳод менамоянд, ки дар машғулиятҳои фанни имлои забони русӣ баҳри татбиқи муносибати тафриқавӣ  гурӯҳи  донишҷӯёнро ба зергурӯҳҳои муваққатӣ вобаста аз лаёқат, қобили меҳнат, хусусиятҳои инфиродии равонии донишандӯзон, гурӯҳбандӣ карда шаванд. Муаллифон дар асоси мисолҳои мушаххас исбот менамоянд, ки муносибати тафриқавӣ дар омӯзиши навишти босаводӣ забони русӣ имкон  медиҳад то хусусиятҳои гурӯҳҳои ҷудогонаи донишҷӯён ба инобат гирифта шаванд ва раванди пайдарҳам азхуднамоии маводи таълимро амалӣ гардад. Инчунин муаллифон усул ва тарзҳои мушаххаси таълимоти тафриқавиро пешниҳод менамоянд, ки дар машғулиятҳои фанни имлои забони русӣ онҳоро васеъ истифода бурдан мумкин аст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

имлои забони русӣ, таълими тафриқавӣ, тафриқагузории савиявӣ, хусусиятҳои инфиродӣ, фаъолияти коллективӣ, гурӯҳӣ ва инфиродӣ, машқҳо, навиштори босавод.