ТАШАККУЛИ ФАЪОЛИЯТҲОИ УМУМИ ТАЪЛИМИИ ҶАНБАИ МАЪРИФАТӢ-ЭҶОДИДОШТА ДАР КӮДАКОНИ СИННИ ТОМАКТАБӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Мансурова  Д.Қ.....pdf)Мансурова Д.Қ....ТАШАККУЛИ ФАЪОЛИЯТҲОИ УМУМИ ТАЪЛИМИИ ҶАНБАИ МАЪРИФАТӢ-ЭҶОДИДОШТА ДАР КӮДАКОНИ СИННИ ТОМАКТАБӢ44

 


МУАЛЛИФ: Мансурова Дилрабо Қодирҷоновна, омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи томактабии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола муаллиф қайд мекунад, ки фаъолиятҳои умумии таълимии ҷаанбаи маърифатию эҷодидоштаи кўдакони синни калони томактабии маҷмўи хусусиятҳои интегративиро дар назар дорем, ки дар кўдак дар марҳилаҳои ибтидоии раванди таълим ташаккул меёбанд ва аз инҳо иборатанд: қобилият, дарк кардан ва коркарди маълумот дар раванди муошират, вокуниши эмотсионалӣ ба зиддиятҳо, шавқу рағбат ба ҷаҳони атроф, хоҳиши ҷустуҷӯи роҳҳои ғайриоддии ҳалли масъалаҳои эҷодӣ. Амалҳои универсалии маърифатӣ ва эҷодии таълимӣ ҷузъҳои амалиётӣ, маърифатӣ, ҳавасмандкунӣ ва ахлоқиро дар бар мегиранд. Дар марҳилаҳои аввали фаъолияти маърифатӣ-эҷодӣ ҳолатҳое, ки муносибати эҷодиро талаб мекунанд, нақши муҳим дорад. Маҳз фаъолияти характери бозидошта дар таълими бачагони синни томактабӣ имкониятҳои калонро барои кӯдакон боз мекунад. Муаллиф таъкид мекунад, ки масъалаҳои ташаккули фаъолиятҳои универсалии таълимии дорои хусусияти маърифатӣ ва эҷодидошта дар кӯдакони синни томактабӣ бо асоснокии назариявии хусусияти он дар ҷараёни раванди таълим зич алоқаманданд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

амалҳои умумии тарбиявӣ, хусусияти эҷодӣ ва маърифатӣ, синни томактабӣ, раванди ташаккул, қобилияти дарккунӣ, эҷоди ҳолатҳо, мушаххасот, хусусиятҳои фаъолияти эҷодӣ, эҷодкорӣ, фаъолияти маърифатӣ.