МАСЪАЛАИ ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ ДАР ПЕДАГОГИКАИ ЭТНИКИИ МАРДУМИ ТОҶИК

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Аҳророва Г.У.....pdf)Аҳророва Г.У....МАСЪАЛАИ ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ ДАР ПЕДАГОГИКАИ ЭТНИКИИ МАРДУМИ ТОҶИК35

 


МУАЛЛИФ: Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна, н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд) 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола аҳамияти тарбияи ахлоқии донишҷӯён дар асоси донишҳои этнопедагогӣ таъкид гардидааст. Қайд мешавад, ки ҳар як халқ анъанаҳои миллӣ, расму ойин, урфу одат ва эҷодиёти шифоҳии худро дорад, ки он барои тарбиятдиҳанда ва тарбиятгирандагон воситаи муҳими тарбияи ахлоқӣ мебошад. Педагогикаи этникӣ ва халқӣ тамоми паҳлуҳои тарбияи ахлоқиро дар алоқамандии якдигар мебинад. Аз ҷумла, тарбияи ватандўстӣ ва инсонпарварӣ, муносибати софдилона ба меҳнат, тарбия намудани ростқавлӣ ва ростӣ, хушмуомилагию хоксорӣ, риояи одоб ҳангоми муомила бо ҳамсолон ва калонсолон,  муносибати дўстона, дўстиву рафоқат, ҳимояи манфиатҳои умум ва эътиқод дар ин роҳ, нисбат ба якдигар меҳрубон будан, ба якдигар дасти мадад дароз кардан, интихоби дўсти арзанда, риояи одоб дар дӯстӣ, қувваи дустӣ ва гайраҳо, ки онҳоро одатан дарси ахлоқ меноманд. Дар мақола қайд шудааст, ки анъанаҳо, ҷашнҳо, идҳо, маросимҳо ва расму оинҳое, ки таърихи ҳазорсола доранд, дар ташаккули тарбияи ахлоқӣ, ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ, дар ҳифзи арзишҳои маънавии насли ҳозира, алалхусус ҷавонон нақши муҳиму ҷиддиро бозида истодаанд. Вобаста ба ин, муаллиф қайд мекунад, ки анъанаҳо ва расму оинҳо ҳамчун қисми муҳими педагогикаи халқӣ, ки таърихи тӯлонӣ доранд, дар тарбияи насли наврас нақши назаррас доранд. Аз ин лиҳоз, муаллиф ба хулосае меояд, ки ахлоқ ва маънавият, ғояҳои инсондўстӣ ва зебоишиносӣ, намунаҳои қаҳрамонӣ, далерӣ, ҷасорат, меҳнатдӯстӣ, камолоти ҷисмонӣ дар байни халқ бо зарбулмасалу мақолҳо, сурудҳо, афсонаҳо, ривоятҳо ва эпосҳо  ифода мешаванд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

ахлоқ, тарбия, анъана, педагогикаи халқӣ, зарбулмасалу мақол, расму оин, одоб, дӯстӣ, оила, этнопедагогика.