ҶОМЕЪАПАЗИРӢ ҲАМЧУН СИФАТИ КАСБИИ ШАХСИЯТИ МУАЛЛИМИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Сабурӣ Х.М....pdf)Сабурӣ Х.М...ҶОМЕЪАПАЗИРӢ ҲАМЧУН СИФАТИ КАСБИИ ШАХСИЯТИ МУАЛЛИМИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ35

 


МУАЛЛИФ: Сабурӣ Хайрулло Мирзозода, доктори илмҳои педагогка, профессори кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва  касбии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола сифатҳои шахсӣ ва касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аз нуқтаи назари  талаботи марҳилаи имрӯзаи рушди ҷомеа мавриди таҳлил ва натиҷабардорӣ қарор дода шудааст. Дар қисмати аввали мақола таъсири таҳавулотҳои солҳои охир ба фарҳанги миллии халқиятҳои гуногуни сайёра,аз ҷумла тоҷикон нишон дада шуда,дар ҷараёни таълиму тарбияи насли наврас истифодаи тарафҳои мусбии он таъкид карда шудааст.Дар мавриди коркарди мақола ҳамчунин масъалаҳои равобити байниҳамдигарии забонҳои русӣ,англисӣ ва тоҷикӣ,тариқи равобитпазирӣ азбар намудани нозукиҳои таълиму тарбияи хурдсолон,мавқеи муошират дар ба амал баровардани равоти мутақобила,хусусиятҳои касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аз қабилимуносибати хуб бо аҳли синф, нутқи  инкишофёфта, тарзи дурусти талаффуз, ифодаи мантиқан дурусти фикр, соҳиби такӣти педагогӣ будан,рӯҳияи шахсии шогирдон мушоҳида карда тавонистан, мимика, ишора, тарзи истодан ва ҳаракат ва ғайраҳо эътибори хоса дода шудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

сифатҳои касбӣ,шахсият,муаллими синфҳои ибтидоӣ,фарҳанг,системаи таълим,таълими коммуникативӣ,тарбияи шахсият,муошират,маданияти педагогӣ, омӯзгор ва талаба,фаъолият,муносибати шахсӣ.