МУБОҲИСАИ САИД ҶАМОЛИДДИНИ АФҒОНӢ БО ЭРНЕСТ РЕНАН ДАР САҲИФАҲОИ МАҶАЛЛАИ «JOURNAL DE DEBATES»

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ғоибова Ф.М.....pdf)Ғоибова Ф.М....МУБОҲИСАИ САИД ҶАМОЛИДДИНИ АФҒОНӢ БО ЭРНЕСТ РЕНАН ДАР САҲИФАҲОИ МАҶАЛЛАИ «JOURNAL DE DEBATES»42

 


МУАЛЛИФ: Ғоибова Фирўза Махмадовна, номзади илмҳои филология, ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола мубоҳисаи мутафаккири барҷастаи Шарқ, публисист, рӯзноманигор ва сиёсатмадори асри XIX Саид Ҷамолиддини Афғонӣ бо Э.Ренан дар саҳифаҳои маҷаллаи фаронсавии «Journal de Debates»-ро мавриди пажӯҳиш қарор мегирад. С Ҷ. Афғонӣ на танҳо дар кишварҳои мусулмонӣ, балки дар Аврупои Ғарбӣ низ асосгузори як қатор нашрия мебошад. Эрнест Ренан, арбоби маъруфи ҷамъиятии Фаронса, файласуф ва муаррихи дин, намояндаи евросентризм буд.  Э. Ренан дар мақолаҳояш, махсусан дар мақолаи «Доир ба ислом ва илм», ки 29 марти 1883 дар Париж дар маҷаллаи «Journal de Debates» нашр шудааст, ба дини ислом баҳои манфӣ медиҳад ва онро воситаи истибдод ва террор мехонад, инчунин, аз доираи ахлоқ баромада, дар бораи миллати араб суханҳои таҳқиромез мезанад. Ин мақола нафрату хашми миллати араб ва мусулмонони дигарро ба бор овард. Афғонӣ, ки дар Париж қарор дошт, пас аз мутолиаи ин мақола, як мақолаи ҷиддии илмӣ ва публисистӣ  бо номи «Посух ба Ренан» навишт, ки 18 майи соли 1883 дар ҳамон маҷалла нашр гардид. Ин мақола бо услуби мукотиба навишта шудааст. Дар мақолаи худ, Афғонӣ на танҳо рақиби худро танқид мекунад, балки бо афкори хеш  дар бораи ин ё он масъалаҳо ба ӯ мухолифат намуда,  дурустии андешаи худро бо далелҳо ва иқтибосҳо аз ҷиҳати илмӣ ва тактикӣ исбот мекунад. Ин бори дигар қудрати рӯзноманигории ин мутафаккирро собит мекунад, зеро дар он ҳар як калимаи таблиғотӣ диққати оммаро ба худ ҷалб мекард. Инчунин миёни Афғонӣ ва Ренан мубоҳиса баргузор мегардад, ки дар натиҷа Э. Ренан аз хислати устувору озодонаи шайх ба ваҷд омада, пас аз он назари худро доир ба ин масъала якбора тағйир медиҳад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Э.Ренан, Саид Ҷамолиддини Афғонӣ, «Journal de Debates», Париж, мубоҳиса, услуби иншоӣ, арабҳо, Шарқи мусулмонӣ, Ғарб, дин.