ЗАРБУЛМАСАЛ ВА МАҚОЛ ДАР “ХОНАИ ДИЛ”-И ЛОИҚ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Қосимӣ С.А.....pdf)Қосимӣ С.А....ЗАРБУЛМАСАЛ ВА МАҚОЛ ДАР “ХОНАИ ДИЛ”-И ЛОИҚ 47

 


МУАЛЛИФ: Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир, н.и.ф., дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёти факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола сухан перомуни истифодаи зарбулмасалу мақол дар маҷмӯаи “Хонаи дил”-иЛоиқ меравад. Муаллиф тамоми паҳлуҳои ашъори шоири тавоно Лоиқ Шералиро ба риштаи таҳқиқи кашида зикр мекунад, ки дар “Хонаи дил”-аз зарбулмасал ва мақолҳои халқӣ ба таври густурда истифода кардаву бо илҳом аз ин жанрҳои халқӣ худ низ эҷод намудааст. Шоир пандҳое додааст, ки баъзеашон аллакай ба моли халқӣ табдил гардидаандМуаллиф дар асари мавриди таҳқиқ 107 зарбулмасал ва мақоле пайдо кардааст, ки шоир ҳам аз жанрҳои халқӣ истифода намудаву ҳам худ эҷод намудааст. Натиҷагирӣ мешавад, ки яке аз сабабҳои ҷаззобию шевоӣ ва фасоҳату малоҳати ашъори Лоиқ корбасти устодонаи ҳикмати халқ аст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Лоиқ, фолклор, зарбулмасал, мақолҳои халқӣ, панд, панду ахлоқ.