РОҶЕЪ БА ЗИНДАГОНИИ МАВЛОНО НОЗИМИ ҲИРАВӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Шерматова Ф.С....pdf)Шерматова Ф.С...РОҶЕЪ БА ЗИНДАГОНИИ МАВЛОНО НОЗИМИ ҲИРАВӢ38

 


МУАЛЛИФ: Шерматова Фирӯза Саидовна, докторанти Маркази илмии Хуҷанди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе) 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии масъалаи мушаххасоти зиндагии яке аз шоирони мумтоз ва пешсафи сабки ҳиндӣ Мавлоно Нозими ҳиравӣ  бахшида шудааст. Муаллиф бо ишора ба он ки роҷеъ ба ҳаёт, омилҳои шаклгирии ҷаҳонбинӣ ва мақоми маънавии шоир  Нозим  дар  адабиётшиносии мо то ҳол пажўҳиши махсусе анҷом дода нашудааст, дар асоси муқоисаи далелу бурҳони сарчашмаҳо ва истифодаи ишораҳои мухталифи худи шоир масъалаҳои марбут ба ному насаб, сол, ҷои таваллуд ва сафарҳои шоирро мавриди баррасӣ қарор дода, ба паҳлӯҳои норавшани онҳоро возеҳ намудааст. Дар мақола ҳамчунин масъалаҳои робитаи шоир ба дарбори ҳокимони замонаш ва робитаи адабиву додугирифти ғоявии ў бо шоирони дигар мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои мазкур ҷамъбаст намуда, муаллиф бо бо исми Фаррух ҳусайн иштиҳор доштан, тақрибан дар даҳаи аввали асри ХУ11 таваллуд шудану дар солҳои 70-уми ҳамин аср фавтидан, дар зодгоҳ касби камол намуда, минбаъд ба сафар баромадан ва бо шоироне чун Аршади ҳиравӣ, Мирзо ҷалоли Асир, Соиб, Калими Кошонӣ, қудсии Машҳадӣ, Шикебии Исфаҳонӣ, Санҷари Кошонӣ, Толиби Омулӣ ва дигарон робитаи адабӣ ва додуситади ғоявӣ доштани шоирро таъйид намудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

ному насаб, валодат, Нозими Ҳиравӣ, сафар, дарбор, робита, адабӣ, тазкира, маъхаз, шоир, шеър.