ИНСОНИ КОМИЛ АЗ НИГОҲИ ШАЙДОИ ХУҶАНДӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Негматова М.Т.....pdf)Негматова М.Т....Инсони комил аз нигоҳи Шайдои Хуҷандӣ 32

 


МУАЛЛИФ: Негматова  Мавлудаҷон  Турсуновна, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиѐти классикии тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаи инсони комил дар ашъори суханвари охири асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII  адабиёти форс-тоҷик Шайдои Хуҷандӣ баррасӣ шудааст. Қайд мешавад, ки азбаски симои шоир  дар ғазалиёташ қаӣл аз ҳама ҳамчун шоири ориф ва қаландармашраб  ифода ёфтааст, мавзўи мавриди таваҷҷўҳи мо ҳам дар робита ба ҳамин мавзўъ тавсиа ёфтааст.Тазаккур меравад, ки Шайдо пайрави тариқати нақшбандия буд ва сифатҳои маънавии инсони комилро аз ҳамин равзана бозшинохтааст. Шайидо хусусиятҳои инсони комилро моҳирона тавсиф намуда, муҳаббат ва эҳтироми бузурги худро нисбати ӯ нишон додааст. Шоир дар ғазалиёти хеш камолоти маънавӣ ва фазилатҳои ахлоқии инсони комилро бо маҳорати хоса баён намуда, таъкид намудааст, ки инсон бояд пас аз ба дунё омадан умри хешро беҳуда ба умури иҷтимоиву дунявӣ сарф накарда, ҳамвора дар садади камолоти маънавӣ ва шинохти Ҳақ  буда, аз хеш ному кори нек ба ёдгор гузорад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Шайдо, ғазалиёт, умр,  инсони комил, ориф, ирфон, шинохти ҳақ.