РУДАКӢ– УСТОДИ ШЕЪРУ МУСИҚӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Таваккалов Ҳ. ....pdf)Таваккалов Ҳ. ...Рӯдакӣ - устоди шеъру мусиқӣ36

 


МУАЛЛИФ: Таваккалов Ҳайдармамад, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев (ТоҷикисТаваккалов Ҳайдармамад, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев (Тоҷикистон, Хоруғ)  

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мардуми тоҷик  аз шеъру мусиқӣ  аз давраҳои пеш дар ҳамаи лаҳзаҳои зиндагӣ баҳра мебардошт ва онро дар маҷлису маҳфилҳои адабӣ, ахлоқию мавъизатӣ бо як завқи баланди эстетикӣ мавриди истифода қарор медод. Бояд тазаккур дод, ки   Сомониён барои ба авҷи олӣ расидани санъати назм, илми мусиқӣ ва ҳунари сарояндагӣ барои насли оянда заминаи хуберо фароҳам оварданд. Яке аз бузургтарин устодони назм ва мусиқии классикии тоҷики давраи Сомониён шоир ва мутафаккир Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд, ки бо овози хуш ва лаҳни форами мусиқӣ ашъори хешро ба самъи шунавандагон расонида, ҳам вазифаи шоирӣ ва ҳам вазифаи сарояндагиро иҷро мекард. Аз ин лиҳоз, муҳаққиқон якдилона иқрор гаштаанд, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чеҳраи бузургтарини назм ва мусиқии давраи Сомониён  ба шумор меравад. Муаллифи мақола таваҷҷӯҳашро ба истеъдоди баланди мусиқидонии Рӯдакӣ маътуф сохта, перомуни оҳангҳои мухталифи замони ӯ ва ҳамбастагии онҳо бо мақоми мадҳия ва ҳамчунин роҷеъ ба чанд сабаби тавъамии  ғазали ӯ (Бӯйи ҷӯйи мулиён...) бо мусиқӣ фикру мулоҳизаҳои хешро баён намудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Рӯдакӣ, мусиқии ҳирфаӣ, мадҳия, нимрӯзӣ, Хусрави пируз, оҳуи нолон, Меҳргон, бонги зер, дастон, барбат, хусравонӣ, суруд андохтан, қонуни олам, ромишгарӣ.