ЗИКРИ САЙЙИД БУРҲОНИДДИН МУҲАҚҚИҚИ ТИРМИЗӢ ДАР РИСОЛАИ ФАРИДУНИ СИПАҲСОЛОР

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Султонзода Т.С....pdf)Султонзода Т.С... ЗИКРИ САЙЙИД БУРҲОНИДДИН МУҲАҚҚИҚИ ТИРМИЗӢ ДАР РИСОЛАИ ФАРИДУНИ СИПАҲСОЛОР48

 


МУАЛЛИФ: Султонзода Тоҷибой Султонӣ, доктори илмҳои филология, мудири шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд(Тоҷикистон, Хуҷанд)  

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба зикри Саййид Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ   дар рисолаи Фаридуни Сипаҳсолор бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки Саййид Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ  аз ёрону ҳамнишинони Мавлоно ҷалолуддини Балхӣ ба ҳисоб рафта, дар бораи зиндагинома ва рӯзгори ў дар осори Мавлоно ва дигар маъхазҳои таърихию адабӣ маълумоти қобили мулоҳиза баён гардидаанд. Мавлоно тарбиятёфтаи Бурҳониддини Муҳаққиқ аст, силсила ва хирқаи нисбати Мавлоно ба василаи Бурҳониддин ба падараш Султонулуламо ва охируламр ба Маъруфи Кархӣ мерасад. Дар мақола шахсият, мартабаи ирфонӣ ва зиндагиномаи Саййид Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ дар асоси маълумоти рисолаи Фаридуни Сипаҳсолор, ки аз қадимтарин сарчашмаи шинохти рўзгору осори Мавлоно ҷалолуддини Балхӣ мебошад,  мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Хулоса мешавад, ки рисолаи Сипаҳсолор, бар иловаи он ки ҷанбаи манқабатӣ дорад, муҳимтарин ва дақиқтарин манбаъ дар бораи зиндагии Мавлоно, ҷаҳони фикрӣ ва ёрону ҳамнишинони ў ба ҳисоб меравад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ, қадимтарин сарчашма,  Фаридуни Сипаҳсолор, Султонвалад, маноқиб.