САҲМИ ПРОФЕССОР ҲАМДАМ РОФИЕВ ДАР РУШДИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВА ИЛМИ ТИБ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Абдуллоев С.А....pdf)Абдуллоев С.А...САҲМИ ПРОФЕССОР ҲАМДАМ РОФИЕВ ДАР РУШДИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВА ИЛМИ ТИБ52

 


МУАЛЛИФ: Абдуллоев Саъдӣ Абдуқундузович, унвонҷўи кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола дар асоси маъхазҳо ва адабиёти илмӣ масъалаҳои  ташаккул ва густариши муассисаи миёнаи махсуси тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд ва саҳми олими намоён Ҳамдам Рофиев дар мустаҳкам намудани пояи моддӣ, раванди таълиму тадрис, ба роҳ мондани корҳои тарбиявию маърифатӣ байни донишҷўёнро баррасӣ намудааст. Муаллиф ҳамчунин дар  мақола роҷеъ ба нақш ва ҷойгоҳи профессор Ҳамдам Рофиев  дар пешрафти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ба роҳ мондани корҳои таълимиву илмию таҳқиқоти дар муассиса, эҷоди асарҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмиву педагогӣ маълумот додааст. Қайд мешавад,ки профессор Ҳ.Қ.Рофиев яке аз поягузорони тибби муосир ва шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон ба шумор рафта, дастовардҳои илмӣ ва маҳсули тадқиқоташ  ҳамчун мутахассиси варзидаи эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ дар қаламрави  ҷумҳурӣ ва берун аз кишвар арзишманд эътироф шудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

техникуми тиббӣ, омўзишгоҳи тиббӣ, сарвари муассиса, илми тиб, рушди тандурустӣ.