НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ НОШИРӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Амонуллоев С.О....pdf)Амонуллоев С.О... НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ НОШИРӢ34

 


МУАЛЛИФ: Амонулоев Сабурхон Орифовч, муаллими кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва китобшиносии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола дар заминаи суханрониҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба нашри китоб барои кўдакону наврасон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. қайд мегардад, ки дар даврони истиқлол тавассути ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ба рушди фаъолияти ноширӣ, бахусус табъу нашри китобҳо барои кўдакону наврасон ва тарғибу ташвиқи китобхонӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд ва Президенти мамлакат дар мулоқотҳои хеш бо зиёиёни кишвар пайваста даъват ба амал меоранд, ки аҳли илм, шоирону нависандагон дар асарҳои худ ҳарчи беҳтару бештар ҳақиқати воқеии ҳаёти ҷомеа, бахусус дастовардҳои даврони истиқлолро воқеъабинона тасвир намуда, тавассути осори бадеӣ дар замири насли наврас эҳсоси баланди ватандўстӣ, ҳисси худшиносиву худогоҳии миллиро парвариш намоянд. ҳамзамон дар мақола ишора шудааст, ки мувофиқу созгор намудани фаъолияти муассисаҳои табъу нашр ба шароит ва талаботи даврони истиқлол қабл аз ҳама коркарди заминаҳои ҳуқуқии соҳаро тақозо кард ва дар ин робита таҳияву ба тасвиб расидани силсилаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ барои ба танзимдарории фаъолияти ноширӣ мусоидат намуд. Инчунин дар мақола бо истифода аз маълумоти оморӣ маҳсулоти чопии нашриётҳои давлатӣ ва хусусӣ дар ҳар як давраи таърихӣ мувофиқи мазмун, жанр ва теъдоди нашр тасниф карда шудаанд. Ба андешаи муаллиф бо дарназардошти имконоти молиявӣ ва таҷҳизотонии муассисаҳои табъу нашр бо технологияи муосири ноширӣ сол то сол сатҳу сифати чопи китобҳо беҳтар шуд ва аз нигоҳи мазмуну муҳтаво, ороиши бадеию полиграфӣ маҳсулоти чопии нашриёту матбааҳои ҷумҳурӣ мувофиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ дар озмуну намоишҳои байналмилалии китоб иштирок карда, соҳиби шоҳҷоизаву дипломҳо гаштаанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Пешвои миллат, фаъолияти ноширӣ, нашриёт, матбаа, нашр, китоб, кўдакон, наврасон, адабиёти бачагона, истиқлолият.