дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ХОНИГАРИИ ҚЎҚАНД БО ИМПЕРИЯИ УСМОНИЁН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Давлатов М., Турсунов Б.Р....pdf)Давлатов М., Турсунов Б.Р...МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ХОНИГАРИИ ҚЎҚАНД БО ИМПЕРИЯИ УСМОНИЁН3

 


МУАЛЛИФ:  Давлатов Муллошо, д.и.т., профессор; Турсунов Бўстон Раҳмонович, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи ватан ва археологияи ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола муносибатҳои хонигарии қўқанд бо империяи Усмониён тадқиқ мегардад. Ин муносибатҳои дипломатӣ баъд аз мулки Фарғона ба яке аз калонтарин давлати Осиёи Марказӣ табдил ёфтани хонигарии қўқанд оғоз ёфт. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ, аввалин бор ин муносибатҳо бо ташаббуси бевоситаи  қўқанд, дар давраи ҳукмронии Умархон ба роҳ монда мешавад ва то охири солҳои 60-уми асри XIX давом мекунад. Мавзўи асосии муносибатҳои дипломатии тарафайн бо масъалаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳарбӣ вобаста буд. Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, муносибатҳои тарафҳо хусусан дар давраи ҳукмронии Мухаммад Алихон (1822-1842) вусъат меёбад. Дар ҳама замон сафирони қўқандро вазир ё сарвазир қабул мекард, дар баъзе ҳолатҳо сафирон ба ҳузури султони Усмониён таклиф карда мешуданд. Мақсади асосии хонҳои қўқанд дар муносибатҳои дипломатӣ бо Усмониён, бо воситаи халифа, ки султонҳои Усмониён дар олами ислом дар ҳамин мақом буданд, унвони «Хонлар хони»-ро гирифта обрўву эътибори худро баланд намудан дар Осиёи Марказӣ буд. Бо ин унвон хонҳои қўқанд дар назди рақиби асосии худ – амири Бухоро, баланд будани мақоми худро тасдиқ кардан мехост. Муносибатҳои дипломатии империяи Усмониён ва хонигарии қўқанд, аз ҷониби сохторҳои ҷосусии сафорати Русия дар Истамбул зери назорат буд. Сохторҳои муайяни сафоратхонаи Русия, нафақат ин муносибатҳоро назорат мекард, бо роҳҳои гуногун ҳаракат мекарданд, ки ба ин муносибатҳо халал расонанд, ба мақсади худ расидан дипломатҳои дигар давлатҳо,  хусусан Эронро истифода мебурд. Дар ниҳоят дипломатияи империяи Русия ба мақсади худ расид, дар давоми зиёда аст 40 соли муносибатҳо бо Усмониён қўқанд, ғайр аз ваъдаҳои беҳуда, ягон ёрии ҳарбие гирифта натавонист..

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

муносибатҳои дипломатӣ, империяи Усмониён, хонигарии Қўқанд, сулолаи Мингҳо, Умархон, Муҳаммад Алихон, Маҳмуди II, сафири қўқандӣ ҳоҷӣ Саид Муҳаммад қурбон-афандӣ.