ИСЛОҲИ ХАТО БО ИСТИФОДАИ ТАРИҚАҲО ДАР ДАРСИ ГРАММАТИКАИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ҳомидова М.Н.Холов С.pdf)Ҳомидова М.Н.Холов СИСЛОҲИ ХАТО БО ИСТИФОДАИ ТАРИҚАҲО ДАР ДАРСИ ГРАММАТИКАИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ48

 


МУАЛЛИФ:   Ҳомидова Мунира Нӯмоновна, н.и.ф., дотсенти кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ; Холов Саидмуҳиддин, сармуаллими кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд) 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии роҳу равиши  ислоҳи хато  дар ҷараёни дарс бахшида шудааст. Қайд карда мешавад, ки ислоҳи хато ҷараёни хеле мураккаб ва дар навбати худ ниҳоят муҳим дар раванди таълим мебошад. Ин ҷузъи таълим ҳам ба ҳолати равониву (хусусиятҳои фардиву табиӣ) тарбияи донишҷӯ ва ҳам ба ҷараёни таълим таъсири назаррас дорад.  Ин мубрамияти масъаларо ба назар гирифта, муаллифони мақолаи мазкур якчанд роҳи  ислоҳи хатоҳоро дар ҷараёни омӯзиши забони хориҷӣ пешниҳод намуда, дар заминаи таҷрибаҳои кории худ бо далелу мисолҳои равшан ҳар як раванди ислоҳро шарҳу тафсир намудаанд.Хулоса мешавад, ки  тавсияҳои амалии методӣ, ки  барои омӯзгорони забони хориҷӣ пешниҳод шудаанд,  ҷараёни забономӯзиро самарабахш ва бонатиҷа мегардонанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

тариқа, усул, равиш, тарз, ислоҳи хато, муошират, ислоҳи фаврӣ, ислоҳи ошкор, ислоҳи мавқуф.