КОРИ ФОИДАНОКИ ҶАМЪИЯТӢ-АСОСИ ТАРБИЯИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР САМТИ РОҲНАМОИИ КАСБӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Акмалова М.А.pdf)Акмалова М.АКОРИ ФОИДАНОКИ ҶАМЪИЯТӢ-АСОСИ ТАРБИЯИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР САМТИ РОҲНАМОИИ КАСБӢ46

 


МУАЛЛИФ:  Акмалова Малоҳат Абдуллоевна, омўзгори коллечи тиббии шаҳри Гулистон, унвонҷўи Пажўҳишгоҳи рушди маорифи ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон  (Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола тарбияи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар самти роҳнамоии касбӣ тавассути меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ гардидааст. Доир ба масъалаи тарбияи меҳнатии хонандагон дар ҳамкорӣ бо оила ва муассисаҳои таълимӣ олимони зиёди ватанву хориҷӣ фикру андешаҳои гуногун изҳор намудаанд, ки дар мақола онҳо ба таҳлилу баррасӣ кашида шудаанд. Дар ҷараёни корҳои таҷрибавӣ – санҷишӣ барои дар муассисаҳои таълимӣ амалан татбиқ намудани самтҳои асосии пайвастани омӯзиш бо меҳнати фоиданоки ҷамъиятии хонандагон тавсияҳои илмию методӣ  пешниҳод шудаанд, ки ба омӯзгорон ҷиҳати тарбияи роҳнамоии касбии хонандагон кӯмак мерасонанд. Тазаккур меравад, ки дар муассисаҳои деҳоти кишвар ҷалби хонандагон ба корҳои судманди иҷтимоӣ бештар ба роҳ монда шудааст, ки ин ба раванди тарбияи меҳнатӣ ва роҳнамоии касбии онҳо мусоидат менамояд.Муаллиф дар асоси  корҳои тадқиқотӣ-озмоишӣ пешниҳод менамояд, ки ин равандро дар мактабҳои шаҳр тавассути пурзӯр намудани фаъолияти кружокҳо, стансияҳои техникони ҷавон ва муассисаҳои таълими иловагӣ боз ҳам хубтар ба роҳ мондан имкон дорад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

тамоили корӣ, педагогони ватанӣ ва хориҷӣ, роҳнамоии касбӣ, меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ, хусусияти политехникӣ.