НАҚШ ВА ҶОЙГОҲИ МАШҚҲОИ ГУНОГУНИ ҶИСМОНӢ ДАР ШАКЛГИРИИ РАСОИИ ҚОМАТИ МАКТАББАЧАГОН ВА РАВИШИ ИСТИФОДАИ ОНҲО ДАР ДАРСҲОИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Рахимов А.А. Почоев И.И..pdf)Рахимов А.А. Почоев И.И.НАҚШ ВА ҶОЙГОҲИ МАШҚҲОИ ГУНОГУНИ ҶИСМОНӢ ДАР ШАКЛГИРИИ РАСОИИ ҚОМАТИ МАКТАББАЧАГОН ВА РАВИШИ ИСТИФОДАИ ОНҲО ДАР ДАРСҲОИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ47

 


МУАЛЛИФ: Раҳимов Амон Акпарович, н. и. п., дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияи информатсионии ДПДТХХ ба номи акад.М.С. Осимӣ; Почоев Илхом Иномович, омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд) 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

 Дар мақола нақш ва ҷойгоҳи машқҳои гуногуни ҷисмонӣ дар ташаккули вазъи қомати мактаббачагон, ки яке аз муҳимтарин вазифаҳои тарбияи ҷисмонии хонандагон дар мактаб мебошад, баррасӣ шудааст.  Қайд карда мешавад, ки ҳолати дурусти қомат ба кори системаҳои дилу раг ва нафас, дастгоҳҳои ҳаракат ва системаи марказии асаб таъсири судманд мерасонад ва рушди хуби ҷисмонӣ, саломатӣ танҳо дар ҳолати дуруст имконпазир аст. Таъкид карда мешавад, ки байни тарбияи ҷисмонӣ ва эстетикии мактаббачагон як ҳамбастагии зич мавҷуд аст, ки он дар хоҳиши зебоӣ ва рушди ҳамоҳанги бадан комилан зоҳир мешавад, ки ин танҳо дар ҳолати қомати расо имконпазир аст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

тарбияи ҷисмонӣ, машқҳои ҷисмонӣ, қомат, қомати расо, қомати норасо, намудхои қомат, усулҳо.