ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР ҚОЛАБИ ЖАНРҲОИ ЖУРНАЛИСТИКА (дар асоси маводи рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва ҳафтаномаи “Озодагон”)

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Шодихони Н.pdf)Шодихони НИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР ҚОЛАБИ ЖАНРҲОИ ЖУРНАЛИСТИКА (дар асоси маводи рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва ҳафтаномаи “Озодагон”)52

 


МУАЛЛИФ: Шодихони Назар, докторанти PhD-и кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе) 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақолаи инъикоси тобиши масъалаҳои худшиносии миллӣ дар қолаби жанрҳои журналистика  дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва ҳафтаномаи “Озодагон” мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.Кӯшиш шудааст, ки мавзӯи худшиносии миллӣ дар чун арзиши умумибашаӣ дар қолаби жанрҳои журналистика  дар нашрияҳои мазкур таҳлил гардад. Доир ба жанрҳои журналистика ва таҳияи маводи худшиносии миллӣ сухан рафта, муаллиф бо такя ба сарчашмаҳо кӯшиш намудааст, ки мафҳуми жанрро шарҳ дода, нақши онҳоро дар кори рӯзноманигорӣ баррасӣ  намуда, сипас пешниҳоди жанрии мавзӯи худшиносии миллиро, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва ҳафтаномаи “Озодагон” ба табъ расидаанд, шуданашро муайян намудааст. Ҳамчунин, муаллиф   дар такя ба андешаи олимону муҳаққиқони тоҷик  маводи ду нишрияи болозикрро, ки  давоми солҳои 2010 -2015 аз чоп баромадаанд, а таҳлил гирифтааст.  Ҳамзамон, ҳангоми таҳлил дар мақола иқтибосҳое ҷой дода шудаанд, ки нашрияҳо мавзӯи мазкурро дар қолаби жанрҳои гуногун нашр намуда, дифоъ аз арзишҳои умумибашарии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ намудаанд.  Аз ин рӯ, муаллиф дар қисмати поёни мақола ба муассисони рӯзнома ва рӯзноманигорон ва дигар кормандони ВАО пешниҳод мекунад, ки новобаста маводро дар кадом қолаб омода мекунанд, дар инъикосу тарғиби масъалаҳои худшиносии миллӣ дар чаҳорчўбаи арзишҳои умумибашарӣ манфиатҳои миллату давлатро ба назар гиранд ва дар ин раванд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри дифои манфиатҳои миллии хеш саҳмгузор бошанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

жанр, матбуот, худшиносии миллӣ, арзишҳои умумибашарӣ, мақола, мусоҳиба , “Ҷумҳурият”,  “Озодагон”, ҷаҳонишавӣ, забон, фарҳанг.