ҶОЙГОҲИ НАМОЯНДАГОНИ ОЛИ МИКОЛ ДАР РУШДИ ШЕЪРУ АДАБ ВА АРҶГУЗОРИИ СУХАНВАРОНИ АҲДИ ҒАЗНАВӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Холов Н.Ё.pdf)Холов Н.ЁҶОЙГОҲИ НАМОЯНДАГОНИ ОЛИ МИКОЛ ДАР РУШДИ ШЕЪРУ АДАБ ВА АРҶГУЗОРИИ СУХАНВАРОНИ АҲДИ ҒАЗНАВӢ43

 


МУАЛЛИФ:  Холов Назармуҳаммад Ёрмуҳаммадович, унвонҷӯи Марказии илмии Хуҷандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола роҷеъ ба саҳми намояндагони Оли Микол дар пуштибониву ғамхории аҳли адаби шаҳри Нишопур ва минтақаи Хуросон сухан рафтааст. Қайд мешавад, ки намояндагони Оли Микол дар давоми асрҳои 1Х-Х1 дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангии аҳди Аббосиён, Тоҳириён, Сомониён, Ғазнавиён ва Салчуқиён ҷойгоҳи чашмрасе доштанд. Баёни фаъолияти сиёсиву дипломатии Абўнаср Аҳмад ибни Алӣ ал-Миколӣ ва Амир ҳасанаки Миколи Нишопурӣ, ки дар замони ғазнавиён ба вазорату раёсат расида буданд, ҷузъи асосии мақоларо ташкил медиҳад. Инчунин, дар он чигунагии муносибати намояндагони Оли Микол, хусусан Абулфазли Миколӣ бо суханвароне чун Саолибиву Бадеуззамон ҳамадонӣ, ки бевосита дар китобхонаи Абулфазли Миколӣ ҳамсӯҳбату ҳамнишин ва меҳмони Миколиён будаанд,  матраҳ шудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Оли Микол, Абулфазли Миколӣ, Нишопур, Хуросон, шеър, адабиёт, муҳити адабӣ, пуштибонӣ.