БОЗТОБИ МАВЗЎИ ИШҚ ДАР ШЕЪРИ ОЗАР

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Собиров А.Б.pdf)Собиров А.ББОЗТОБИ МАВЗЎИ ИШҚ ДАР ШЕЪРИ ОЗАР61

 


МУАЛЛИФ: Собиров Айниддин Баҳорович, унвонҷўи кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав (Тоҷикистон, Бохтар)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии мавзӯи ишқ дар ашъори шоири муосири тоҷик Озар Салим ихтисос ёфтааст. Қайд мешавад, ки мавзўи ишқ аз ҷумлаи мавзўоти маъмул ва маъруфи адабиёти бадеӣ, аз ҷумла шеъри форсӣ- тоҷикӣ буда, ҳузури онро мо дар ашъори дилхоҳ шоири пешин ва имрўзи тоҷик мушоҳида менамоем. Хотирнишон мегардад, ки дар шеъри  Озар  мавзўи ишқ хеле васеъ доман густардааст ва аз мавзўоти меҳварӣ ва аввалдараҷаи эҷодиёти ӯ ба ҳисоб меравад.  Муаллиф саъй намудааст, ки баъзе вижагиҳои ашъори ошиқонаи Озарро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба ин васила ҳунару истеъдоди шоирро дар ибрози андешаҳои ошиқона муайян намояд. Барои расидан ба ин ҳадаф муаллиф мавзўи ишқро дар анвои гуногуни шеъри Озар пайгирӣ намуда, натиҷаҳои ин пажўҳишро  ба таври мухтасар ироа кардааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

мавзўъ, ишқ,  ишқи ирфонӣ, ғазал, чаҳорпора.