НИГОҲЕ БА ҲУНАРИ ШОИРИИ БИСОТИИ САМАРҚАНДӢ (дар мисоли корбурди санъатҳои бадеӣ)

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Олимова Ш.Б.pdf)Олимова Ш.БНИГОҲЕ БА ҲУНАРИ ШОИРИИ БИСОТИИ САМАРҚАНДӢ (дар мисоли корбурди санъатҳои бадеӣ)59

 


МУАЛЛИФ:  Олимова Шоира Бобохўҷаевна, докторант (PhD) кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Fафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд) 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии ҳунари шоирии cуханвари нимаи дувуми асри ХIV ва аввали асри ХV Бисотии Самарқандӣ бахшида шудааст.Қайд мешавад, ки Бисотии Самарқандӣ дар ташбеҳсозӣ, овардани талмеҳот ва истифодаи тамсилот маҳорати фавқуллода доштааст. Муаллиф ҳунари шоирро дар истифодаи гунаҳои ташбеҳ, монанди ташбеҳи равшан, ташбеҳи киноят ё пўшида, ташбеҳи тасвит ва ташбеҳи акс ё маъкус инъикос намуда, таъкид кардааст, ки Мавлоно Бисотӣ дар истифодаи вофири ташбеҳи акс  дасти тавоно доштааст. Ҳамчунин маҳорати шоир дар овардани талмеҳот ва тамсилот бо мисолҳои мушаххас нишон дода шудааст.Хулоса мешавад, ки  ғайр аз санъатҳои баррасишуда, санъатҳои дигари шеърӣ монанди таҷнис, иҳом, илтифот, муболиға ва ғ. дар осори ин суханвар фаровон ба кор рафтааст, ки ниёз ба таҳқиқоти алоҳида дорад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Бисотӣ, ҳунар, бадеият, ташбеҳ, талмеҳ, тамсил, муболиға, мазмунсозӣ.