МУРУРЕ БА ҲАЁТ ВА ОСОРИ АБУЛФАТҲИ БУСТӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Рашидова Д.А.pdf)Рашидова Д.АМУРУРЕ БА ҲАЁТ ВА ОСОРИ АБУЛФАТҲИ БУСТӢ52

 


МУАЛЛИФ: Рашидова Дилафрӯз Абдуқаюмовна, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забонҳои хориҷии МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии мухтасари аҳволу осори Абулфатҳи Бустӣ бахшида шудааст.Қайд мешавад, ки Абулфатҳи Бустӣ аз шоирони дузабонаи адабиёти асрҳои Х-Х1 ба ҳисоб рафта, дар замони зиндагии хеш шӯҳрати азиме доштааст. Тазаккур меравад, ки Бустӣ барои ба роҳ мондани робитаи  байни Сабуктегин ва давлати Сомониён мақоми арзандае бозидааст. Истеъдоду маҳорати суханофаринии Абулфатҳи Бустӣ  дар ду забон-арабӣ ва форсӣ-тоҷикӣ ба зуҳур меомад ва  ӯ ҳам дар наср ва ҳам дар назм дасти тавоно доштааст. Аз ин рӯ,  Манучеҳрии Домғонӣ дар яке аз қасидаҳояш Абулфатҳи Бустиро дар радифи Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абушакури Балхӣ ва дигарон ном бурдааст. Қасидаи арабии нунияи ӯ хеле машҳур буда,  шоирони зиёде дар тақлиди нуния ҳам ба арабӣ ва ҳам форсӣ-тоҷикӣ қасидаҳо навиштаанд. Хулоса мешавад, ки осори адабии Абулфатҳи Бустӣ чуноне ки боистӣ дар адабиётшиносии тоҷикӣ омӯхта нашудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Абулфатҳи Бустӣ, адабиёти арабизабони форсӣ-тоҷикӣ, қасида, адабиёти асрҳои Х-Х1, Сомониён, Ғазнавиён.