дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

ТАҲҚИҚИ РЎЗГОР ВА ОСОРИ МУИЗЗӢ ДАР ЭРОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ҳайдаров Ф.Н.pdf)Ҳайдаров Ф.НТАҲҚИҚИ РЎЗГОР ВА ОСОРИ МУИЗЗӢ ДАР ЭРОН10

 


МУАЛЛИФ: Ҳайдаров Фахриддин Наботович, н.и.ф., дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе) 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола таҳқиқи рўзгор ва осори Муиззӣ дар Эрон мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Дар натиҷаи баррасии масъалаи мавриди назар муаллиф иброз медорад, ки баррасии рўзгор ва осори Муиззӣ дар Эрон ба таври густурда бо ба табъ расидани девони ашъори ў  дар Теҳрон бори аввал соли 1940  бо саъй ва кўшиши донишманди маъруф Аббос Иқболи Оштиёнӣ оғоз меёбад. Дар баробари ин, девони шоир сипас аз ҷониби муҳаққиқони дигари Эрон се бори дигар дар асоси ин нашр, аз ҷумла бо муқаддима ва тасҳеҳи Носири ҳирӣ, бо эҳтимоми Абдулкарим ҷарбазадор, ва бар асоси нусхаи тасҳеҳнамудаи Оштиёнӣ.  Бо муқаддима, тасҳеҳ ва таълиқоти Муҳаммад Ризо қанбарӣ  ба табъ расидааст. Муаллифи мақола тазаккур медиҳад, ки аз ҷониби адабиётшиносони дигари Эрон низ рўзгор ва осори Муиззӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, аммо бештари он такрори якдигаранд. Ба ин хотир муаллиф бо овардани таълифоти арзишманди муҳаққиқони фавқуззикр иктифо намудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Муиззӣ, девони ашъор, мероси адабӣ, рўзгор, зодгоҳи шоир, сарчашмаҳои адабӣ,  нусхаҳои хаттӣ, аҳли адаб  ва Нишопур.