дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

ШЕЪР ВА ШОИРӢ АЗ НИГОҲИ НАЗИРИИ НИШОПУРӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Маҳмудзода О.Б.pdf)Маҳмудзода О.БШЕЪР ВА ШОИРӢ АЗ НИГОҲИ НАЗИРИИ НИШОПУРӢ11

 


МУАЛЛИФ: Маҳмудзода Обидҷони Бекназар, номзади илмҳои филология, сармуаллими кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаи шеъру шоирӣ аз нигоҳи Назирии Нишопурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Нахуст, муаллиф барои тайини дидгоҳҳои Нвзирӣ дар бораи шеър кўшидааст, ки афкори мутафаккирони гузашта ва шоиронро ба риштаи таҳқиқ кашида, шеваи Назириро дар шинохти шеър муқаррар созад. Бар асоси таҳқиқоти анҷомдода чунин  натиҷагирӣ шудааст, ки Назирии Нишопурӣ ба андешаи он, ки шеър сарчашма дар илҳом дорад, мувофиқ аст ва мартабаи шоириро дар ҷомеа бар асоси он ки илҳом ва ваҳй аз сарчашма ҳастанд, поинтар аз мартабаи паёмбарӣ медонад. Таъкид шудааст, ки шоир  чун дигар суханварон назари хоси хешро дар бораи шеър ва шоирӣ дорад ва мулоҳизаҳояшро дар бораи шеъру шоирӣ дар як қасида ба таври алоҳида баён доштааст. ҳамзамон, афкори адабии Назирӣ дар бораи шеъру шоирӣ бо нақду баррасии ашъори шоирони гузашта низ баён шудааст, ки ў дар баробари сарфи назар накардан аз таъсирпазирии  хеш аз шоирони гузашта, дидгоҳҳои хешро роҷеъ ба шеъри шоирони пешин низ баён доштааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 Назирии Нишопурӣ, шеър, шоирӣ, ҳунари шоирӣ, мадҳ, илҳом, афкори адабӣ.