РОҲҲОИ ТИҶОРАТИВУ ИҚТИСОДИИ ЭРОН, РУСИЯИ ПОДШОҲӢ ВА ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХIХ ВА НИМАИ АВВАЛИ ХХ ДАР САҲИФАҲОИ МАВОДИ ХАТТИИ ЭРОНӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Давлатов М. Саид Р.Ҳ..pdf)Давлатов М. Саид Р.Ҳ.РОҲҲОИ ТИҶОРАТИВУ ИҚТИСОДИИ ЭРОН, РУСИЯИ ПОДШОҲӢ ВА ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ ХIХ ВА НИМАИ АВВАЛИ ХХ ДАР САҲИФАҲОИ МАВОДИ ХАТТИИ ЭРОНӢ52

 


МУАЛЛИФ:  Давлатов Муллошо, д.и. т., професссори кафедари таърихи Ватан ва археологияи МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд);Саид Раҳмон Ҳасанӣ, номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи фарҳангиёни Мозандарон( Эрон , Мозандарон)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Мақола ба  баррасии таърихи таъсис ва рушди роҳҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвари ҳамсоя – Эрони давраи Қоҷор ва Русияи подшоҳӣ дар асрҳои  Х1Х ва чоряки якуми   ХХ бахшида шудааст. Мақола дар асоси маводи хаттии бойгонии Вазорати корҳои хориҷии Эрон ва  як қатор  осори таърихнигорони ин кишвар таҳия гардидааст. Ҳақоиқи марбут ба созишномаҳои басташудаи байни ду кишвар – Эрон ва Русия ва ҳамчунин татбиқи амалии онҳо оварда шудаанд. Тавсифи як қатор хатсайрҳо ва шаҳрҳои бандарии сарҳадӣ, ки дар Русия, Эрон ва Осиёи Марказӣ  барои равобити тиҷориву иқтисодӣ мавҷуд буданд, дода шудааст. Хулоса гардидааст, ки имконоти мавҷударо ба эътибор гирифта, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Эрон, Русияи подшоҳӣ ва Осиёи Миёна дар асрҳои ХIX ва чоряки  ХX тавассути роҳи обӣ ва оҳан дар ҳоли рушд ва тавсеъа буд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

"Озарбойҷон, Анзали, Астара, газ, роҳҳо, Эрон, Баҳри Хазар, Қоҷор, Мозандарон, Русия, Осиёи Миёна, Табрез, савдо, хонигарӣ, Роҳи абрешим ".