"ҶУСТОРҲОЕ БО ДИДИ ДИГАР ДАР АНВАРИШИНОСӢ (Тақриз ба китоби Абдурашид Самадов. Анварӣ: Ҷусторҳо дар рўзгору осор. Душанбе, 2021.- 432 с) "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Нуров Н.Н.pdf)Нуров Н.Н"ҶУСТОРҲОЕ БО ДИДИ ДИГАР ДАР АНВАРИШИНОСӢ (Тақриз ба китоби Абдурашид Самадов. Анварӣ: Ҷусторҳо дар рўзгору осор. Душанбе, 2021.- 432 с) "53

 


МУАЛЛИФ(ОН): Нуров Нуралӣ Норович



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

"Тақриз ҷиҳати баррасӣ ва таъйини арзишҳои илмии китоби доктори илмҳои филологӣ, профессор А.Самадов “ Анварӣ: ҷусторҳо дар рӯзгор ва осор” ба қалам омадааст. Муаллиф нахуст ба масъалаҳои шинохти ҷойгоҳи Анварӣ дар адабиёти форсу тоҷик аз роҳи таъсири шеър ва андешаи ӯ ба шоирони пасованди хеш ва эътирофоти аҳли сухан аз ҳунари баланди суханвариаш руҷуъ намуда, зуҳури чандин шарҳҳои қадимро низ ба унвони яке аз омилҳои муҳими нуфузи манзалати адабии вай муаррифӣ намудааст. ҳамзамон, қисматҳои ҷудогонаи китоби мавриди тақриз баррасӣ гардида, арзиши илмии он дар шинохти зиндагинома, мероси адабӣ, хоса ғазалиёти шоир муқаррар шудааст. Ба таъкиди муаллифи мақола ҳарчанд Анварӣ дар сурудани қасида ҷойгоҳи хосае дар адабиёти гузаштаи мо пайдо намудааст, вале нависандаи ин китоб муваффақ бар он гардида, ки бар пояи таҳқиқ дар вежагиҳои ғазалиёти шоир нақш ва мақоми ӯро дар инкишофи жанри мазкур низ муайян созад. " 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Анварӣ, ғазал, адабиёти тоҷик, ҳунари шоирӣ, таъсиргузорӣ, шарҳнависӣ.