ДОИР БА БАЪЗЕ ХУСУСИЯТҲОИ ДИДАКТИКИИ «ШУМОРНОМА» - И АЙЮБИ ТАБАРӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Кенҷаева Н.С.pdf)Кенҷаева Н.СДОИР БА БАЪЗЕ ХУСУСИЯТҲОИ ДИДАКТИКИИ «ШУМОРНОМА» - И АЙЮБИ ТАБАРӢ57

 


МУАЛЛИФ(ОН): Кенҷаева Наргиза Саидқодировна



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола сухан доир ба хусусиятҳои дидактикии асари Муҳаммад ибни Айюби Табарӣ «Шуморнома» меравад, ки он дар асри даҳуми мелодӣ таълиф гаштааст. Тазаккур шудааст, ки ин китоб аз асарҳои таълимии арифметика буда, дар он сухан перомуни масъалаҳои ададҳои натуралӣ, амалҳои арифметикӣ: ҷамъ, тарҳ, зарб, тақсим ва қоидаҳои ҳисоби онҳо меравад. Қайд шудааст, ки муаллифи асар аз усулҳои дидактикии ба таври аёнӣ нишон додани амалҳои арифметикӣ, тарзи шинохти рақамҳо, схемаҳои мантиқии математикӣ истифода кардааст, ки ин усулҳо дар Аврупо танҳо баъди гузашти 7-8 аср аз навишта шудани ин асар татбиқ гаштаанд. Дар мақола равишҳои дидактикии таълими математика дар асрҳои миёна бо дидактикаи замони муосир муқоиса мегардад. Хулосаи мақола он аст, ки бо гузашти даҳ аср аз таълифи «Шуморнома» моҳияти асар гум нашуда, ва муаллимони фанни математика метавонанд, усулҳои дидактикии ин китобро дар дарсҳо и риёзӣ истифода баранд. Мақола танҳо дар асоси фасли аввали «Шуморнома» таълиф гаштааст. 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

ҳисоб, дидактика, арифметика, рақамҳои ҳиндӣ, ҷамъ, тарҳ, зарб, тақсим, Муҳаммад ибни Айюб, ададҳо.