РОҲҲОИ ТАЪЛИМИ САЛОҲИЯТҲОИ ЗАБОНӢ ДАР ДАРСҲОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Тиллохоҷаева М.Н.pdf)Тиллохоҷаева М.НРОҲҲОИ ТАЪЛИМИ САЛОҲИЯТҲОИ ЗАБОНӢ ДАР ДАРСҲОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ48

 


МУАЛЛИФ(ОН): Тиллохоҷаева Муҳаббат Набиҷоновна



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Шиносоӣ бо матнҳои адабиёти классикӣ, адабиёти муосир дар баробари аз худ кардани малакаҳои муайяни кор бо матн, дар бобати мавриди истифодаи як калима дар услубҳои гуногуни забон низ соҳибмалака месозад ва кори комплексӣ бо матн яке аз роҳҳои самарабахши омодасозии хонандагон барои супоридани имтиҳонҳо ба ҳисоб меравад. Дар мақола масъалаҳои инкишофи нутқи хонандагон тавассути кор бо матн баррасӣ карда мешаванд. Қайд карда мешавад, ки матн асоси фароҳам овардани муҳити инкишофи нутқ дар дарсҳои забони тоҷикӣ буда, он имкон медиҳад, ки нерӯи эҷодии хонандагон инкишоф ёбад, боигарии луғавии онҳо ғанӣ гардад, сифати нутқ беҳтар шавад ва дар ниҳоят салоҳияти забонии онҳо афзун гардад. Таъкид мешавад, ки яке аз усулҳои муассири кор бо матн иборат аз он аст, ки он унсурҳои нутқ, таҳлили услубӣ, лингвистӣ, саволҳои марбут ба имло ва пунктуатсия, инчунин омодагӣ ба хониши ифоданокро дар бар мегирад. Муаллиф бо мисолҳои мушаххас исбот мекунад, ки бояд ба матнҳое бартарӣ дод, ки он бо услуби гуногун иншо шуда бошад, матн дар шакли назм бошад, дар матнҳо анвои гуногуни таркиби луғавии забон, аз қабили калимаҳои якмаъно, сермаъно, аслӣ, иқтибосӣ, диалектизмҳо, арго, жаргонҳо, табу ва эвфемизмҳо мавҷуд бошанд. Андешаи истифодаи матн дар омӯзиши забони тоҷикӣ ҳалли чунин мушкилоти муҳими таълими мактабӣ, аз қабили ошно кардани хонандагон бо сарвати маънавӣ ва ғанои забони модарии худ, тарбияи муносибати эҳтиёткорона ва андешамандона ба каломро таъмин менамояд. Хулоса мешавад, ки шиносоӣ бо матнҳои адабиёти классикӣ ва муосир дар баробари ба даст овардани малакаҳои муайяни кор бо матн, инчунин истифодаи як калимаро дар услубҳои гуногуни забон меомӯзонад ва гузашта аз ин кори маҷмӯӣ бо матн яке аз роҳҳои самарабахши омодасозии хонандагон барои супоридани имтиҳонҳо ба ҳисоб меравад. 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

салоҳиятнокӣ, забони тоҷикӣ, кор бо матн, машқ, матни манзум, матни мансур.