ИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ ФАЪОЛГАРДОНИИ РАВАНДИ МАЪРИФАТИИ ХОНАНДАГОН ДАР ТАҶРИБАИ ДАРСҲОИ БИОЛОГИЯ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Дадобоева М.Б.pdf)Дадобоева М.БИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ ФАЪОЛГАРДОНИИ РАВАНДИ МАЪРИФАТИИ ХОНАНДАГОН ДАР ТАҶРИБАИ ДАРСҲОИ БИОЛОГИЯ46

 


МУАЛЛИФ(ОН): Дадобоева  Муслима  Бахтиёровна



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъала и истифодаи усулҳои фаъолгардонии раванди маърифатии хонандагон дар таҷрибаи дарсҳои биология баррасӣ гардидааст. қайд шудааст, ки дар амалияи мактаб ва адабиёти методӣ маъмулан тақсимоти усулҳои аз рӯйи манбаи донишҳо қабул шудааст: лафзӣ (нақл, лексия, суҳбат, мутолиа), аёнӣ (намоиши аёнияти табиӣ, экранӣ ва аёнияти дигар, таҷрибаҳо) ва амалӣ (корҳои лабораторӣ ва амалӣ). Дар асоси таҳлили таҷрибаи педагогии мактабҳо ишора ба он шудааст, ки дар дарсҳои биология усулҳои фаъолро бо назардошти мундариҷаи мавод, ҳадафҳои дидактикии дарс ва хусусияти синнусолии хонандагон ба кор бурдан зарур аст. Хулоса карда шудааст, ки дар раванди таълим густариш додани истифодаи усулҳои мухобиравӣ, ба миён овардани вазъияти проблемавӣ, рӯ ба рӯ кардани хонандагон бо зарурати исбот, баррасии дидгоҳҳои гуногун зарур аст, ки он барои фаъол намудани раванди маърифатии хонандагон дар дарсҳои биология нақши муҳим дорад. 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

усулҳои фаъоли таълим, раванди маърифатии хонандагон, амалияи мактаб, раванди таълим, таҷрибаи педагогӣ,салоҳиятнокӣ, омӯзгор, хонанда,омӯзиш.