"МЎҲТАВОИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ҲИФЗИ САЛОМАТӢ ДАР КОЛЛЕҶҲОИ ПЕДАГОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Почоев Б.Ҳ.pdf)Почоев Б.Ҳ"МЎҲТАВОИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ҲИФЗИ САЛОМАТӢ ДАР КОЛЛЕҶҲОИ ПЕДАГОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН46

 


МУАЛЛИФ(ОН): Почоев Бахтовар Ҳотамович



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии технологияҳои ҳифзи саломатии донишҷӯёни коллеҷҳои педагогии Тоҷикистон ихтисос ёфтааст. Қайд мешавад, ки мафҳуми “ҳифзи саломатӣ” ҳамчун истилоҳ дар илми педагогика солҳои охир пайдо шудааст ва таҳти ин мафҳум аксар вақт чорабиниҳои алоҳидаро оид ба ҳифзи саломатӣ фаҳмида мешуд. Тазаккур меравад, ки механизмҳо ва омилҳои таъсирпазирии машқҳои ҷисмониро ба организми инсон, ҳамчунин технологияи коркард ва татбиқи барномаҳои машқкунӣ ва солимгардониро “Технологияҳои ҳифзи саломатӣ” меноманд. Дар мақола муҳимтарин омилҳои таъсиррасонии педагогӣ, ки ба ташаккули самараноки арзишҳои тарзи ҳаёти солим дар байни донишҷӯёни коллеҷи омӯзгорӣ дар раванди омодагии касбӣ мусоидат мекунанд, пешниҳод карда мешаванд.Муаллиф барои беҳдошти саломатии донишҷӯёни коллеҷҳои педагогӣ дар раванди таълим силсилаи чунин омилҳои муассир, аз қабили ташаккулу равнақи фарҳанги тандурустӣ байни онҳо, омӯзонидани қоидаҳои рафтори бехатарӣ, доир намудани семинарҳои омӯзиши-методӣ ва мониторингҳо доир ба ҳифзи саломатӣ пешниҳод менамояд, ки дар амалияи кори таҷрибавӣ - озмоишӣ озмуда шудаанд. 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

коллеҷи педагогӣ, ҳифзи саломатӣ, технология, Тоҷикистон, фазои таълим.