"ИШТИРОКИ ЗАНОН ДАР КОРИ МУАССИСАҲОИ МАДАНИЮ РАВШАННАМОИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ 60-80-УМИ АСРИ ХХ"

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Рофиева Н.Ғ.pdf)Рофиева Н.Ғ"ИШТИРОКИ ЗАНОН ДАР КОРИ МУАССИСАҲОИ МАДАНИЮ РАВШАННАМОИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ 60-80-УМИ АСРИ ХХ"42

 


МУАЛЛИФ: Рофиева Насринисо Ғайбуллоевна



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола фаъолияти пурмаҳсули муассисаҳои маданию равшаннамоӣ ба монанди китобхона, клуб, хонаҳои маданият ва ғ.нишон дода шудааст. Дар асоси сарчашмаҳои зиёд фаъолияти босамари бонувон дар ин гунамуассисаҳо инъикос карда шудааст.Тасдиқ гардидааст, ки баъди дар соли 1968 аз тарафи Шўрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани қарор «Оид ба вазъи кунунӣ ва чораҳои беҳтар намудани кори муассисаҳои маданию равшаннамоии ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон» фаъолияти чунин муассисаҳо нерўи тоза пайдо намуд. Дар саросари кишвар, дар шаҳру деҳот китобхона, клуб ва хонаҳои маданият кушода мешуданд, ки дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, тарбияи меҳнатӣ, ватандўстӣ, интернатсионалии мардум мусоидат менамуданд. Муассисаҳои маданию равшаннамоии деҳот баҳри ҷорӣ намудани урфу одат, анъана ва маросимҳои нав, барои дар ҳаёт татбиқ намудани тарзи ҳаёти сотсиалистӣ мусоидат менамуданд.Зикр гардидааст, ки дар Тоҷикистон тайи солҳои 1961- 1980ҳамагӣ 885 китобхонамавҷуд буда, соли 1982 теъдоди онҳо ба 1058 расид, кидорои фонди калони китобба миқдори13495 ҳазор нусха буданд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

фарҳанг, муассисаҳои маданию равшаннамоӣ, китобхонаҳо, клубҳо, хонаҳои маданият, фаъолияти фарҳангию равшаннамоии занон.