"ИНЪИКОСИ НАҚШИ НАДИМ ДАР ҲАЁТИ ДАРБОРӢ ДАР РИСОЛАҲОИ «СИЁСАТНОМА»- ИНИЗОМУЛМУЛК ВА «ҚОБУСНОМА»- И КАЙКОВУС"

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ҳусейнов Ф.Р.pdf)Ҳусейнов Ф.Р"ИНЪИКОСИ НАҚШИ НАДИМ ДАР ҲАЁТИ ДАРБОРӢ ДАР РИСОЛАҲОИ «СИЁСАТНОМА»- ИНИЗОМУЛМУЛК ВА «ҚОБУСНОМА»- И КАЙКОВУС"49

 


МУАЛЛИФ: Ҳусенов Фаррух Раҳимович



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола бар мабнои маълумоти муаллифони асримиёнагии барвақт – Низомулмулк ва Кайковус, вазифаҳои надим омӯхта шудааст. Муаллифи мақола қайд менамояд, ки ҳар ду муаллифарбобони давлатӣ буда, танҳо дар рисолаи онҳо маълумот оид ба сифатҳое, ки надим бояд ба онҳо соҳиб бошад, дода шудаанд. Аз ин рӯ бамаълумоти муаллифони мазкур бояд бо боварӣ муносибат намуд. Дар ҷараёни таҳлили муқоисавӣ умумият ва нуқси назаримуаллифон нишон дода шудааст. Дар баробари ин, дар ҷараёни таҳлил маълумотҳои Низомулмулк ва Кайковус бо маълумотҳоимуаллифони дигар, ба монанди Низомии Арӯзии Самарқандӣ ва Байҳақӣ, муқоиса карда шудааст. Қайд карда мешавад, ки подшоҳ бояд мартабаи худро нигоҳ дошта, хушҳолӣ ва майнӯширо на бо амалдорон, балки бо надимон мегузаронд. Муайян карда шудааст, ки дар баробари надимон, инчунин надимони хос вуҷуд доштанд, ки ба подшоҳ боз ҳам наздиктар буданд. Қайд карда мешавад, ки надимон аз ҳисоби одамони бомаърифат интихоб гардида, дӯстони наздиктарини подшоҳ маҳсуб меёфтанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

надим, Низомулмулк, Кайковус, рисола, подшоҳ, таҳлили муқоисавӣ, базм, чавгонбозӣ.