"УСТОД АЙНӢ ВА АГЕНТИИ СИЁСИИ РУСИЯ ДАР БУХОРО"

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Розиқзода А.Ш.pdf)Розиқзода А.Ш"УСТОД АЙНӢ ВА АГЕНТИИ СИЁСИИ РУСИЯ ДАР БУХОРО"51

 


МУАЛЛИФ: Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола дар бораи бархӯрдҳои устод Айнӣ бо ниҳодҳои Русияи подшоҳӣ, аз ҷумла Агентии сиёсии Русия дар Бухоро ва политсия сухан меравад. Тазаккур меравад, ки овони бачагӣ, наврасӣ ва таҳсилу бакамолрасии яке аз чеҳраҳои дурахшони илму фарҳанги тоҷик, С.Айнӣ дар давраи тираву тори амирӣ сипарӣ гаштааст. Дар ҳамин давра устод Айнӣ бо як ниҳоди ҷиддии татбиқкунандаи сиёсати мустамликавии Русия дар Аморати Бухоро – Агентии сиёсии Русия дар Бухоро, ки нависанда онро аксар «элчихона» меномид, бархӯрдҳо доштааст. Собит мешавад, ки элчихона ҳамеша аз Айнӣ барин рушанфикрон, маорифпарварон, хусусан ҷадидон – ислоҳотхоҳон ҳарос дошт. Зеро онҳо аз дахолати Русия ба корҳои дохилии аморат, ки аксаран ба воситаи Агентии сиёсӣ амалӣ мегардид, норизоӣ баён мекарданд. Аз ин ҷост, ки Агентии сиёсӣ фаъолияти онҳоро пинҳону ошкоро зери назорати сахти хеш қарор дода буд. Нишон дода мешавад, ки устод Айнӣ ба сиёсат ва фаъолияти элчихона аз нигоҳи манфиатҳои як давлати мустақил нигариста, дахолати пайвастаи онро ба корҳои дохилии аморат, хусусан, муносибати норавшану баъзан рӯйирост душманонаи он нисбат ба мактабҳои усули нав ва ислоҳот нигаронию норизоӣ мекард. Дар ин раванд устод Айнӣ бо кормандони элчихона А.Я. Миллер, Шулга ва корманди пулиси махфи Вилман борҳо бархӯрд дошта, баъдан низ таҳти таъқиби ниҳодҳои давлатӣ қарор доштааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Садриддин Айнӣ, Аҳмади Дониш, Садри Зиё, амирони манғития, қушбегӣ, генерал-губернатор, Агентии сиёсии Русия дар Бухоро, политсия, табааи Русия.