дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

ОИД БА БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ТАШКИЛИ МАҲФИЛИ ФАННИ “ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Икромова И.У.pdf)Икромова И.УОИД БА БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ТАШКИЛИ МАҲФИЛИ ФАННИ “ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ10

 


МУАЛЛИФ(ОН): Икромова Инобатҷон Умарбоевна



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии муаммои мубрами назария ва амалияи таълими компютер  бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки дар шароити муосири инкишофи ҷомеа ва инкишофи тартиби: илм-маориф-истеҳсолот яке аз вазифаҳои аввалиндариҷа ташаккули саводи компютерӣ дар мактаббачагон мебошад. Аммо вазъи имрӯзаи ҳаллу фасли вазифаи мазкурро қаноатбахш ҳисобидан мумкин нест.Тазаккур меравад, ки алалхусус ин ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мансуб аст, зеро танҳо бо дарсҳои информатика иҷро намудани ин вазифа имконнопазир аст. Аз ин рӯ таҳсилоти иловагии компютерӣ дархост мегардад.Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ин самт татбиқи муносибати фардӣ-гурӯҳҳо тафриқавӣ ҳам бо мактаббачагони болаёқат ва ҳам бо мактаббачагони сустхон доир ба фанни “Технологияҳои иттилоотӣ” мақсаднок аст. Муаллифи мақола чунин меҳисобад, ки ҳаллу фасли вазифаи мазкур ҳамкории мактаб ва оила, ташкили базаи модди-техникӣ ба тариқи таъсиси кабинети “Технологияҳои иттилоотӣ”, бо мошинҳои электронии ҳисоббарор (МЭҲ) таҷҳизонидашуда ва ҳамчунин бо адабиётҳои таълимӣ ва илми-методӣ таъмин кардашуда тақозо менамояд. 

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

технологияҳои иттилоотӣ, тайёрии касбии омӯзгорӣ, маҳфил, “Технологияҳои иттилоотӣ”, таҳсилоти иловагӣ, саводи компютерӣ, кабинет.