дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

"МАРҲИЛАҲОИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ФАРҲАНГИ СУҒДИЁН"

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Аюбов А.Р.pdf)Аюбов А.Р"МАРҲИЛАҲОИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ФАРҲАНГИ СУҒДИЁН"10

 


МУАЛЛИФ: Аюбов Абдусалом Рауфович



РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии марҳилаҳои пайдоиш ва тарақии тамаддуни суғдӣ дар Осиёи Миёна бахшида шудааст.Тазаккур меравад, ки суғдиён яке аз қавмҳои қадимтарини Осиёи Миёна буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ нақши муҳим гузошта, оғози тамаддуни онҳо ба ҳазорсолаи IV то мелод рост омада, раванди ташаккули он ба чанд марҳила тақсим мешавад. Таъкид шудааст, ки нишонаи аввалини тамаддуни суғдиён Саразми бостон мебошад. Марҳилаи дуюми тамаддуни Суғд ибтидои ҳазорсолаи I то мелод оғоз меёбад, ки ин замони ташаккули худи суғдиён ҳамчун гурўҳи мустақили этникӣ аст. Бо пайдоиши эллинизм марҳилаи сеюми ташаккули фарҳанги суғдӣ оғоз ёфта, то нимаи дуюми асри IV давом кардааст. Марҳилаи чорум, ки ба нимаи дуюми асри IV рост меояд, бо ҳуҷуми қавмҳое оғоз мешавад, ки суғдиён онҳоро бо номи хуннҳо медонистанд. Марҳилаи панҷуми ташаккули фарҳанги суғдӣ аз асри V то истилои арабҳо давом кардааст. Марҳилаи шашуми ташаккули фарҳанги суғдӣ ба замони истилои арабҳо рост меояд. Истилои арабҳо барои паҳншавии дини ислом ва забони арабӣ дар Мовароуннаҳр, аз ҷумла дар Суғд мусоидат намуд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Суғд, суғдиён, даврабандӣ, фарҳанг, Саразм, шаҳрсозӣ, санъат.