ХУСУСИЯТҲОИ ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ КОРҲОИ АМАЛӢ ДОИР БА ИНФОРМАТИКА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ ТАВАССУТИ ЗАХИРАҲОИ ЭЛЕКТРОНИИ ОМӮЗИШ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Раҷабова С.Ҷ., Шарипова Ф.А.....pdf)Раҷабова С.Ҷ., Шарипова Ф.А.... ХУСУСИЯТҲОИ ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ КОРҲОИ АМАЛӢ ДОИР БА ИНФОРМАТИКА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ ТАВАССУТИ ЗАХИРАҲОИ ЭЛЕКТРОНИИ ОМӮЗИШ51

 


МУАЛЛИФ: Раҷабова Саодат Ҷамоловна, н.и.п., дотсент; Шарипова Фотима Абдуфаттоевна, сармуаллими кафедраи  методикаи  таълими математика  ва технологияи информатсионӣ” МДТ  “ДДХ  ба  номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии масъалаи вижагиҳои созмондиҳӣ ва гузаронидани машғулиятҳои амалӣ оид ба информатика ба василаи воситаҳои электронии таълим дар муассисаҳои  таълимии таҳсилоти  миёнаи касбӣ бахшида шудааст. Асоснок карда мешавад, ки дар ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои амалии фанни информатика истифодаи абзори электронии таълим мавқеи муҳим дорад. Қайд мешавад, ки истифодаи воситаҳои электронии таълим барои муассирии раванди омӯзиш замина гузошта, ҷиҳати мароқовар ҷараён гирифтани фароянди таълим мусоидат менамояд. Хулоса мешавад, ки истифодаи воситаҳои электронии таълим дар ташкил ва гузаронидани корҳои мустақилона дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои рушди тавоноиву қобилиятҳои зеҳниву амалӣ хонандагон мусоидат мекунанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

кори амалӣ, информатика, машғулият, захираҳои электронӣ, муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ.