МАСЪАЛАҲОИ ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ МУОШИРАТИИ ОМӮЗГОРИ ОЯНДА ДАР ИЛМИ ПЕДАГОГИКА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Негматова М.М.....pdf)Негматова М.М....МАСЪАЛАҲОИ ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ МУОШИРАТИИ ОМӮЗГОРИ ОЯНДА ДАР ИЛМИ ПЕДАГОГИКА39

 


МУАЛЛИФ: Негматова Мунира Муҳамедовна, номзади илмҳои педагогика, сармуаллимаи кафедраи педагогикаи умумии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Англисӣ

ЧАКИДА

Дар мақола  баррасии  масъалаҳои ташаккули фарҳанги муоширатии омӯзгорони оянда дар илми педагогика  мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Муаллиф мафҳуми «фарҳанги муоширатӣ»-ро, ки дар манобеи гуногуни илми педагогика  оварда шудааст, ҳамаҷониба таҳлил намуда, онро ҳамчун маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳои дар раванди таълим ташаккулёфта ва қобилияти иҷрои фаъолиятҳои марбут ба илми педагогика шарҳ медиҳад. Қайд карда мешавад, ки гуфтугӯ воситаи муҳими шаклгирии фарҳанги муошират ба ҳисоб меравад. Собит карда шудааст, ки фаъолияти муоширатии гуфторӣ  бояд яке аз муҳимтарин мақолаҳои ахлоқи  омӯзишӣ  бошад. Дар натиҷаи таҳлил муаллиф ба чунин хулоса мерасад, ки ташаккули фарҳанги муошират бо забони русӣ дар зинаи олии таҳсилот бо муаллими оянда бояд яке аз намудҳои пешбари фаъолият донист.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

ташаккул, забони русӣ, салоҳияти коммуникативӣ, фарҳанги муошират, дониш, малака, муколама.