Меҳнатдӯсти ва муносибати эҷодии хонандагон ба ҳаёту фаъолият

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Азизов Ш.Ю., Бобоева Ш.Ҳ.....pdf)Азизов Ш.Ю., Бобоева Ш.Ҳ....Меҳнатдӯсти ва муносибати эҷодии хонандагон ба ҳаёту фаъолият54

 


МУАЛЛИФ: Азизов Шерзод Юсуфович, н.и.п., сармуаллим; Бобоева Шоиста Ҳакимовна, доктори фалсафа  (PhD)аз рӯи ихтисоси педагогика, сармуаллими кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълими МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола  ба омӯзиши вижагиҳои меҳнатдӯстӣ ва муносибати эҷодӣ ба ҳаёт ва меҳнати хонандагон  дар мисоли татбиқи стандартҳои давлатии нави таҳсилот, муносибати босалоҳият ба таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Истилоҳи «меҳнатдӯстӣ» дар такя ба  манбаъҳои мӯътамад ва луғатномаҳои тафсирӣ таҳлил карда шуда, бо ақидаҳои педагогон – равоншиносон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.  Муаллифон сохтори таъйиншудаи меҳнатдӯстиро ҳамчун сифати интегратсионӣ пурра карда, ҷудо кардани ҷузъи эҷодкориро, ки дар қобилияти муносибати ғайристандартӣ ба ҳалли мушкилот, саъю кӯшиш барои камолот, зуҳури фардият дар раванди иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ ва муносибати эҷодкорона ба меҳнат зоҳир мешавад, мақсадноқ мешуморанд. Меҳнатдӯстӣ ва муносибати эҷодӣ ба ҳаёт ва фаъолият аз синни наврасӣ ва курсиҳои мактаб бояд оғоз ёбад, ки барои ин фанни технология (таълими меҳнат) мавқеи муҳим дорад. Дар мақолаи мазкур мазмун ва мундариҷаи таълими технология (таълими меҳнат) дар алоҳидагӣ барои писарон ва духтарон пешниҳод гардидааст. Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки барои зуҳури хислатҳои меҳнатдӯстӣ ва муносибати эҷодкорона ба ҳаёт ва меҳнат, омӯзгорон дар раванди машғулиятҳои дарсӣ ва беруназсинфӣ муносибати инфиродӣ бо ҳар як хонанда дошта бошанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

меҳнат, меҳнатдӯстӣ,муносибати эҷодӣ, ҳаёт, фаъолият, технология, таълими меҳнат, мактаб, хонанда.