ВОҚЕИЯТ ВА ТАХАЙЮЛ ДАР ҲАҶВИ ПУБЛИСИСТӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Самадова Д.Ҳ., Мавлянова М.З....pdf)Самадова Д.Ҳ., Мавлянова М.З...ВОҚЕИЯТ ВА ТАХАЙЮЛ ДАР ҲАҶВИ ПУБЛИСИСТӢ50

 


МУАЛЛИФ: Самадова Дилбар Ҳасановна, н.и.ф., дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума; Мавлянова Муаттар Зайниддиновна, унвонҷӯи  кафедраи  журналистика ва   назарияи тарҷумаи МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола сухан дар боби нақш ва мавқеи воқеият ва тахайюл дар ҳаҷви публитсистӣ меравад. Муаллифон  матолиби гӯшаи ҳаҷвии “Анбӯр”-и рӯзнома “Ҳақиқати Ленинобод”-ро дар солҳои панҷоҳуми  асри гузашта  мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода, дар ин замина дар боби нозукиҳои жанри ҳаҷви публисистӣ ва вежагиҳои хоси анвои он маълумот додаанд. Дар заминаи таҳлили публисистикаи  ҳаҷвӣ нақши воқеият ва тахайюлот дар осори ҳаҷвӣ мавриди омӯзишу баррасии муаллифон қарор гирифтааст. Зикр гардидааст, ки дар меҳвари   матолиби ҳаҷви публисистӣ, бештар воқеият ва тахайюлоти ҳаҷвӣ мушоҳида гашта дар баробари ин, муаммову  андеша дар бештари матолиби ҳаҷвӣ нақши муассир дошта, дар пайванд бо аносири ҳаҷвӣ ва адабӣ рангину ҷолиб тасвир гардидаанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

ҳаҷви публитсистӣ, гӯшаи ҳаҷвии “Анбӯр”, нашрия, воқеият, тахайюл, унсури бадеӣ, ҳаҷв, гӯшаи ҳаҷвӣ, рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод”.