ТАҲҚИҚИ ФОЛКЛОР ВА АДАБИЁТИ БАДАХШОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Охониёзов В.Д.....pdf)Охониёзов В.Д....ТАҲҚИҚИ ФОЛКЛОР ВА АДАБИЁТИ БАДАХШОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ47

 


МУАЛЛИФ: Охониёзов Варқа Дӯстович, д.и.ф.,сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи илмҳои инсонии АИ ҶТ, доктори илмҳои филологӣ(Тоҷикистон, Душанбе) 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар давоми сӣ соли истиқлолияти кишвар аз тамоми имкониятҳои мавҷуда баҳри пажӯҳиши тарафҳои мухталифи фарҳанги сокинони Кӯҳистони Бадахшон мустафод намуд. Ҳамин буд, ки осори пажӯҳишии гаронбаҳое дар самтҳои таърих, фолклор, адабиёт ва ийтисодиёти иҷитимоиёти сокинони ин диёри куҳани тоҷикон арзи ҳастӣ намуд. Бадахшон, ки асосан аз ҷиҳати мавҷудият забонҳои гуногуни қаадимаи гузаштагони миллати тоҷик ва гуногунии фолклору адабиёти хеш ба таври ҳамешагӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта будааст, маҳз дар даврони Истиқлолият ба доираи пажӯҳиши ҳаматарафа кашида шудааст. Дар мақола дастовардҳои сисолаи яке аз шуъбаҳои бунёдии ИИГ АНИТ, шӯъбаи адабиёту фолклор ба таври мухтасар мавриди назари хонандагон қарор дода шудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

истиқлол, Институти илмҳои гуманитарӣ, шӯъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон, адабиёти тоҷик, адабиёти классикӣ, забони тоҷикӣ, забонҳои маҳаллӣ, адабиёти ба забонҳои маҳаллӣ эҷодшуда, фолклори Помир, таҳқиқ, пажӯҳиш.