ДАВРАҲОИ ТАҲАВВУЛИ ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ АХЛОҚӢ ДАР НАСРИ БАДЕИИ АСРИ ХХ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Мавлонова М.Ҷ.....pdf)Мавлонова М.Ҷ....ДАВРАҲОИ ТАҲАВВУЛИ ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ АХЛОҚӢ ДАР НАСРИ БАДЕИИ АСРИ ХХ44

 


МУАЛЛИФ: Мавлонова Мутриба Ҷӯраевна, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд) 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола марҳалаҳои инъикоси масоили ахлоқӣ дар осори бадеии садаи ХХ мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор гирифтааст. Муаллиф дар заминаи таҳқиқи осори бадеии садаи ХХ муайян намудааст, ки инъикоси масоили ахлоқӣ вобаста ба талаботу ниёзҳои замон, бахусус, бо таъсири дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоии давр, табаддулоти куллӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мардуми тоҷик таҳаввул намудааст. Мавсуф се давраи тағъирёбии меъёрҳои ахлоқиро дар насри бадеӣ муайян кардааст. Марҳилаи аввал аз солҳои 20-ум то солҳои 40-ум муайян шуда, ахлоқи қаҳрамонон бештар аз нигоҳи замони кӯҳнаву нав баррасӣ гардидааст. Нависандагон ахлоқи манфури давраи амириро зери танқиди шадид гирифта, образҳои тозае офаридаанд, ки бо сифатҳои хуби ахлоқӣ барои зиндагии осоиштаи мардум кӯшиш доранд. Давраи дувум аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ то авохири солҳои 50-ум маҳсуб мешавад, ки бо тараннуми ахлоқи ҷавонмардон, инъикоси ватандўстӣ, диловариву корнамоиҳои ҷанговарон, садоқати занон ва ситоиши корномаву андешаву ахлоқи қаҳрамонон имтиёз дорад. Марҳилаи сеюм аз авохири солҳои 50-ум то поёни садаи ХХ муайян шуда, давраи инъикоси ахлоқи қаҳрамон бо забону баён ва шеваҳои тозаи тасвир маҳсуб мешавад. Дар ин марҳила тавассути баҳрабардорӣ аз сабақҳои таърих, истифодаи қиссаву ривоёт, устураву рамзҳо, бахусус, бакоргирии насри андеша, пурқувват шудани ковишҳои психологӣ меърҳои ахлоқие аз қабили озодии фикру амал, дўст доштани Ватан ва эҳтироми муқаддасоти он, расму оинҳои миллӣ, ба ҷой овардани вазифаҳои хоси инсонгароӣ  ва монанди ин ба миён омаданд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

асар, таҳаввулот, марҳила, адабиёт. табаддулоти сиёсӣ, суннатҳои миллӣ, мавзӯъ, вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, нақди адабӣ, арзишҳои ахлоқиву маънавӣ, ахлоқи ҳамзамонон.