ЗАБОН ВА САБКИ НИГОРИШИ «ҲУМОЮННОМА»

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Пӯлотов Н.Н....pdf)Пӯлотов Н.Н...ЗАБОН ВА САБКИ НИГОРИШИ «ҲУМОЮННОМА»106

 


МУАЛЛИФ: Пўлотов Назирҷон Набиҷонович, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Англисӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаи забон ва сабки  «ҳумоюннома»-и Гулбаданбегим мавриди  баррасӣ қарор гирифтааст. Тазаккур мешавад, ки Гулбаданбегим барои инкишофи таърихнигории шибҳи қораи Ҳинд саҳми арзанда гузошта, дар ин замина асари беназири таърихиро эҷод кардааст. Гулбаданбегим аз ҷумлаи зан-муаррих ва адиби форсизабон,  нависандаи маъруфи садаи  XVI  шибҳи қораи Ҳинд, духтари хурдии Заҳируддин Муҳаммад Бобур (1483-1530) ба ҳисоб рафта, «Ҳумоюннома» асари таърихии ӯст. Насри нависанда гоҳе бо назм ороста шуда, муаллиф барои собити  матолиб ашъори хешро ҷо-ҷо дар қисматҳои асар овардааст. Таъкид мегардад, ки Гулбаданбегим дорои шеваи махсуси нигориш, донандаи улуми роиҷи замон маҳсуб меёбад ва сол ба сол ҳикоят кардани таърих нисбат ба дигар асарҳои таърихӣ дар асари Гулбаданбегим ба назар намерасад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 нависанда, муаррих,  асари таърихӣ, табъи шоирӣ,  ҳумоюншоҳ, таърихи хонадони Темуриёни ҳинд, солноманависӣ.