САНЪАТИ БИНОКОРИЮ МЕЪМОРИИ УСТРУШАНА ДАР ИЛМИ ТАЪРИХНИГОРӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Шарипов Ш., Махкамов С.С....pdf)Шарипов Ш., Махкамов С.С...САНЪАТИ БИНОКОРИЮ МЕЪМОРИИ УСТРУШАНА ДАР ИЛМИ ТАЪРИХНИГОРӢ34

 


МУАЛЛИФ: Шарифов Шавкат, н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи ватан ва археология; Маҳкамов Саидқул Суярқулович, сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба масъалаи таърихнигории санъати бинокорию меъмории  яке аз вилоятҳои таърихии Мовароуннаҳр  - Уструшанаи асримиёнагӣ бахшида шудааст.  Қайд карда мешавад, ки дар бораи санъати бинокорию меъмории муаллифони сарчашмаҳои хаттии асримиёнагӣ, муҳаққиқони тоинқилобӣ ва замони шӯравии рус, муаррихони ватанӣ ва хориҷӣ маълумоти фаровон додаанд. Доир ба услуби шаҳрсозию меъмории Уструшана муаллифони сарчашмаву осор истифодаи маҳсулоти меъморӣ, тарзи иншоотсозӣ, сохти биноҳои истиқоматӣ, қасру кӯшкҳои афшинҳоро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар мақола зикр мегардад, ки агар доир ба масъалаи шаҳрсозию меъмории Уструшана муаллифони сарчашмаҳои таърихии хаттӣ маълумот дода бошанд, пояи дуюмини маълумоти ин ҳунару санъати уструшаниҳоро бозёфтҳои нодири археологӣ ташкил медиҳад. Дар бораи меъморию иншоотсозии Уструшана муҳаққиқони хориҷӣ низ маълумот дода бошанд ҳам, бештари масъаларо олимони ватанӣ дар осори худ матраҳ менамоянд. Қайд мегардад, ки аз се қисми шаҳрҳои асримиёнагӣ – кӯҳандиз, шаҳристон ва работ бештар кӯҳандиз ва работ  омӯхта шудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

санъати бинокорӣ, меъморӣ, шаҳрсозӣ, Уструшана, Бунҷикат, таърихнигорӣ, қасри афшинҳо, кишваршиносони рус, осори муҳаққиқон.