РОҶЕЪ БА ТАҲҚИҚИ МАРДУМШИНОСИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶОНИБИ МУҲАҚҚИҚОНИ РУС ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ ХIХ ВА ИБТИДОИ АСРИ ХХ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Саиднуриддинзода А.С....pdf)Саиднуриддинзода А.С... РОҶЕЪ БА ТАҲҚИҚИ МАРДУМШИНОСИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶОНИБИ МУҲАҚҚИҚОНИ РУС ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ ХIХ ВА ИБТИДОИ АСРИ ХХ38

 


МУАЛЛИФ: Саиднуриддинзода Аҳлиддин Саиднуриддин, номзади илмҳои педагогика, дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (Тоҷикистон, Бохтар) 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола муаллиф кӯшиш намудааст, ки таърихи таҳқиқи Тоҷикистонро аз ҷониби мардумшиносони рус дар нимаи дуюми асри ХIХ – ибтидои асри ХХ мавриди баррасӣ қарор диҳад. Таъкид мегардад, ки оғози корҳои тадқиқотии таърихиву табиатшиносӣ оид ба Тоҷикистон на аз ҷониби мардумшиносон, балки аз ҷониби муҳаққиқон, соҳибкорон, афсарони ҳарбии артиши рус, рустанишиносон, ҷонваршиносон, муаррихон, ки барояшон олами набототу ҳайвонот, сарватҳои зеризаминии ин кишвар ва ҳам хусусиятҳои ҳаёти фарҳангии халқи тоҷик мароқангез буд шурўъ шудааст. Дар натиҷаи омўзиши бисёрасраи таъриху фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ шумораи зиёди корҳои хусусияти фардӣ ва ҳам дастаҷамъона нашр карда шуд. Дар мақола асарҳои муҳақкиқон П.И.Пашино, Ю.Д.Южаков, А.П. Федченко, А.И.Макшеев, Н.А. Маев, Б.Ф. Ошанин, Г.А. Арандаренко, П.А.Кузнетсов, А.А. Бобринский, Д.Н. Логофет ва дигарон, ки дорои маълумоти мардумшиносӣ мебошанд, мухтасар таҳлил гаштаанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

мардумшиносӣ, кабинети мардумшиносӣ ва бостоншиносӣ, ҷамъияти ҷуғрофии Рус, экспедитсияҳои мардумшиносӣ, таркиби этникӣ.