2021 сол
ЗАФАРНОМАИ ХУСРАВӢ- САРЧАШМАИ ТАЪРИХИИ ДАВРАИ ҲУКМРОНИИ АМИР НАСРУЛЛОҲ
МУАЛЛИФ: Турсунов Назирҷон Очилович, д.и.т., профессори кафедраи таърихи ватан ва археология; Шарифов Ғайрат Зарифович, омўзгори кафедраи таърихи умумӣ ва диншиносии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба баррасии масъалаи ҷойгоҳи сарчашмашмаи хаттӣ “Зафарномаи Хусравӣ” дар омўзиши таърихи аморати Бухоро дар аҳди амир Насруллоҳ (солҳои 1827-1860) бахшида шудааст. Дар бораи дастнависи “Зафарномаи Хусравӣ”, нашри факсимилии он, аз хатти форсӣ ба сиррилик баргардон намудан ва дар асоси он анҷом дода шудани таҳқиқот маълумот дода мешавад. қайд мегардад, ки дар рисола вазъи сиёсиву ҳарбии Аморати Бухоро, масъалаи ба тахт нишастани амир Насруллоҳ, талошҳои ў баҳри мутамарказ кардани давлат, тобеъ намудани вилоятҳои алоҳида, рақобат бо хонигарии қўқанд ва Хева инъикос шудаанд. Дар асар ба топографияи таърихӣ, сохтори лашкар, ташкили юришҳои ҳарбӣ равшанӣ андохта шудааст. Инчунин дар ин сарчашмаи хаттӣ таърихи ҳодисаҳои дар Афғонистони шимолӣ (Балх, Оқча, Тошқўрғон, қундуз, Чорвилоят) рухдода, нақл мегарданд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
сарчашмаи хаттӣ, аморати Бухоро, воқеаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, лашкар, топографияи таърихӣ.