ИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ ПЕШҚАДАМ ДАР ТАСВИРИ НИМПАЙКАРАҲОИ ГАҶИИ ДАВРОНИ АТИҚА ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Мирзабоев З.З. Алимбоева Н.Б..pdf)Мирзабоев З.З. Алимбоева Н.Б.ИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ ПЕШҚАДАМ ДАР ТАСВИРИ НИМПАЙКАРАҲОИ ГАҶИИ ДАВРОНИ АТИҚА ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ42

 


МУАЛЛИФ:   Мирзабоев Зикрилло Зиёдуллоевич, н.и.п., дотсент; Алимбоева Нодира Бурҳоновна, муаллими кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълими МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд) 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола истифодаи усулҳои пешқадами тасвири  пайкараҳои гаҷии давраи атиқа  таҳлил гардида, дар асоси онҳо пой дар пой тасвир намудани сари аз гаҷӣ сохташуда нишон дода шудааст.Қайд мешавад, ки  барои баланд бардоштани завқу шавқи донишҷӯён ба машғулиятҳои дарси расмкашӣ истифодаи якчанд усули  таълим  тавсия кардан лозим аст. Хотирнишон мегардад, ки дарси расмкашӣ ба  талабагон асосҳои тасвирро  меомӯзонад, фаъолияти эҷодии онҳоро  ҳамаҷониба такомул  медиҳад, ба  фаҳмидан ва эҳсос кардани зебоии табиат ва  санъат ёрӣ медиҳад.  Дар мақола  фикру  ақидаҳои олимон таҳлил гардида, тасвир намудани сари гаҷӣ  ба пуррагӣ шарҳ дода шудааст. Усулҳои тасвири сари гаҷӣ бо мақсад ва пайдарпай нишон дода шудааст. Афзалиятҳои  дарси расмкашӣ зикр гашта, бо далелҳо ҳаллу фасл шудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

санъати тасвирӣ, графика, тарфнамо, эҷод, эҳсос, зебоипарастӣ, рассом, ҳамворӣ, гаҷ, ранг, соя.