ШАРОИТҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАШАККУЛИ ЗАВҚИ ЭСТЕТИКИИ ХОНАНДАГОНИ ХУРДСОЛ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Бобоева М.Р.pdf)Бобоева М.РШАРОИТҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАШАККУЛИ ЗАВҚИ ЭСТЕТИКИИ ХОНАНДАГОНИ ХУРДСОЛ 47

 


МУАЛЛИФ: Бобоева Машҳура Равшанбековна, сармуаллимаи кафедраи педагогикаи умумии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)Тоҷикистон, Хуҷанд) 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Ташаккули завқи эстетикии  насли наврас қисми ҷудонопазири таркибии омодасозии хонандагони хурдсол  ба ҳаёт ва меҳнат маҳсуб меёбад, ва аз ҷониби дигар он асоси ташаккули шуур ва фарҳанги рафтори онҳо мебошад. Вобаста ба ин раванд  моҳият ва мундариҷаи асосии ташаккули завқи эстетикӣ аҳамияти махсуси мубрам касб менамояд, ки ин муаммои бисёрҷабҳаи илмӣ- назариявӣ буда, аз ҳаллу фасли дурусти он беҳтар намудани тарбияи эстетикии насли наврас дар амал вобаста аст. Ташаккули завқи эстетикӣ аз ташаккули шавқу рағбат, талаботҳои руҳӣ-эстетикӣ нисбат ба фаъолият ва муошират, ки асоси моҳияти иҷтимоии инсонро ташкил медиҳанд вобаста аст. Вобаста ба ин ташаккули завқи эстетикӣ бевосита ба сифат ва натиҷаи  иҷроиши як қатор  чорабиниҳои мактабе, ки муносибатҳои шахсият ба муошират ва умуман ба дараҷаи омодагии насли наврас ба ҳаёт ва меҳнат,  ҳамчунин ба дараҷаи инкишофи ҳаматарафаи шахсият таъсир мерасонад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

завқи эстетикӣ, тарбияи эстетикӣ, шуури эстетикӣ, фарҳанги рафтори эстетикӣ, пайравӣ, идеал, арзишии эстетикӣ, муносибати эстетикӣ, сифати эстетикӣ.