ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА СИЁСИИ ЗАНОН ДАР ТОҶИКИСТОНИ ШӮРАВӢ (cолҳои 1918-1991)

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Негматуллоева М.Ҳ.pdf)Негматуллоева М.ҲЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ ВА СИЁСИИ ЗАНОН ДАР ТОҶИКИСТОНИ ШӮРАВӢ (cолҳои 1918-1991)46

 


МУАЛЛИФ:  Негматуллоева Маҳинахон Ҳабибовна, докторанти (Рhd) кафедраи таърихи Ватан ва археологияи МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров»(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола доир ба масъалаи заминаи ҳуқуқии фаъолияти занон дар Тоҷикистони шӯравӣ сухан рафта, муаллиф дар асоси маводи матбуоти солҳои шӯравӣ ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор додааст. Тазаккур меравад, ки гарчанде дар конститутсияи аввалини шӯравӣ ҳуқуқи занҳо бо мардон баробар муқаррар гардида бошад ҳам, анъанаҳои хонаводагӣ ва баъзе урфу одатҳои кӯҳнапарастӣ барои фаъолияти пурсамари занони тоҷик дар ҷодаҳои мухталифи хоҷагии халқ монеа эҷод мекард. Дар ин радиф фаъолияти тарғиботии як қатор занони тоҷик дар ҳалли муаммои мазкур то ҷое мусоидат намудааст. Муаллиф дар мақола масъалаҳои номбурдаро дар асоси далелҳои мӯътамад, бо услуби фаҳмои илмӣ таҳлил намудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

ҳуқуқи занон, ҳуқуқи баробарии сиёсӣ, фаъолияти ҷамъиятӣ, индустриякунонии кишвар, коллективонидани хоҷагии қишлоқ.