САДРИДДИН АЙНӢ ВА БАРРАСИИ ОМИЛҲОИ ХАТАРЗОИ ЗИДДИЯТҲОИ МАЗҲАБӢ ВА ИФРОТГАРОӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Усмонов А.И.pdf)Усмонов А.ИСАДРИДДИН АЙНӢ ВА БАРРАСИИ ОМИЛҲОИ ХАТАРЗОИ ЗИДДИЯТҲОИ МАЗҲАБӢ ВА ИФРОТГАРОӢ48

 


МУАЛЛИФ:  Усмонов Аюб Исломович, д.и.т., профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаи омилҳои хатарзои зиддиятҳои мазҳабӣ ва фикрӣ, ки дар осори устод Айнӣ ифода ёфтаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф дар ҷараёни таҳлилу баррасии ақидаҳои Садриддин Айнӣ дар бораи давлат ва миллат ба ин натиҷа расидааст, ки барои бақои ҷомеа аз миён бардоштани зиддиятҳои мазҳабӣ ва динӣ зарур аст, зеро тазодҳои мазҳабӣ, ифротгароӣ, хурофопарастӣ боиси сар задани нофаҳмиву нооромӣ дар ҷомеа гардида, хатарҳои муайян эҷод мекунанд. Ақидаҳои мазкури устод Айнӣ ва пешниҳодҳои ў дар бораи ҷустуҷўи роҳҳои ба вуҷуд овардани ҷомеаи солим бар асоси китобҳои “Таърихи инқилоби Бухоро” ва “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”, инчунин ашъори шоир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Садриддин Айнӣ, ислоҳот, зиддиятҳои фикрӣ, усулҳои кӯҳна, ифротгароӣ, афкори сиёсӣ, таърихи инқилоб, Аморати Бухоро.